Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Илизаров Гавриил Абрамович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Илизаров Гавриил Абрамович
Таърихи таваллуд 15 июн 1921(1921-06-15)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 24 июл 1992(1992-07-24)[1] (71 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ orthopedics[d] ва пизишкӣ
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб[d]
Алма-матер
Шогирдон Galandar Janbakhishov[d], Q85868528?, Q26243730?, Q124329197? ва Q124330609?
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Илизаров Гавриил Абрамович (15 июн 1921[1], Białowieża[d], Białystok Voivodeship[d]24 июл 1992[1], Kurgan[d]) — ҷарроҳ-ортопеди шӯравӣ, д. и. тиб (1968), проф. (1965), акад. АИ Русия (1991). Хатмкардаи Институти тиббии Қрим (Симферопол, 1944).

Фаъолияти кориашро аз табиби беморхонаи ноҳиявӣ (1948) оғоз карда, то ба дараҷаи директори Маркази илмии умумииттифоқии осебшиносӣ ва ортопедияи Курган (1971 –1987; ҳозира Маркази илмии «Осебшиносӣ ва ортопедия»-и ба номи Илизаров) расидааст. Пажӯҳишҳои Илизаров ба оризаҳои осебшиносӣ, ортопедия, барқарор намудану дароз кардани устухонҳои дасту по бахшида шудаанд.

Соли 1951 асбоберо ихтироъ кард, ки тавассути он устухонҳои шикаставу қолибашон вайронро дуруст мекард. Усули мазкур имкон дод, ки қисмҳои камбуди устухон, аз ҷумла пошнаи по ва ангуштон дароз карда шаванд. Муаллифи зиёда аз 600 мақола, аз ҷумла 3 монография, 194 ихтироъ, 13 патент. Таҳти роҳбарии Илизаров 52 нафар рисолаи номзадӣ ва 7 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намудаанд.

Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1978). Бо орденҳои Ленин ва Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гаштааст.

Илизаров Гавриил Абрамович // Замин — Илля. Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). ISBN 978-99947-33-89-9.