Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Илим (дарё)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Илим (дарё)
  Координатаҳо [[Гурӯҳ:Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо|]]
Мавқеъ
Рӯйхати оби Русия
16010300112116200012989
Рамзи ҳавза 16.01.03.001
Рамзи ТҲ 116201298
Ҷилди ТҲ 16 (нашр 2)[1]
Илим (дарё)
дар Викианбор

Илим — дарё дар вилояти Иркутски Федератсияи Русия, шохоби рости д. Ангара. Дарозиаш 589 км, масоҳати ҳавзааш 30300 км2.

Аз паҳнкӯҳҳо (фалот)-и Лено-Ангар сарчашма гирифта, бар имтидоди паҳнкӯҳи Сибири Миёна ҷорӣ мешавад ва ба обанбор (рӯдхона)-и Уст-Илим мерезад. Сарфи миёнаи солонаи об 139 м3/с. Манбааш асосан барфу борон. Шохобҳои калонаш аз рост – Коченга, Туба ва аз чап – Чора, Чёрная, Ирек, Турига, Тола. Аз охири октябр то аввали май ях мебандад. То деҳаи Илимск киштиҳои хурд мегарданд. 40 км поинтар аз резишгоҳи Илим дар д. Ангара НБО-и Уст-Илим бунёд шудааст (1972). Дар ҳавзаи Илим кони маъдани оҳани Коршунов воқеъ аст.

  1. Ресурсы поверхностных вод СССР: Гидрологическая изученность. Т. 16. Ангаро-Енисейский район. Вып. 2. Ангара / под ред. Т. С. Кирилловой, Н. Н. Корчажниковой. — Л.: Гидрометеоиздат, 1965. — 224 с.