Илйинский Игор Владимирович
Илйинский Игор Владимирович | |
|---|---|
| русӣ: Игорь Владимирович Ильинский | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 11 (24) июли 1901[1] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 13 январи 1987[3][4][5][…] (85 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Шаҳрвандӣ | |
| Касб | ҳунарпеша, коргардони филм, коргардони театр, омӯзгори театр, коргардон, омӯзишгар |
| Солҳои фаъолият | аз 1918 |
| Ҷоизаҳо | |
| IMDb | ID 0407970 |
Илйинский Игор Владимирович (24.7.1901, Маскав – 13.1.1987, ҳамон ҷо) — актёр ва коргардони театр ва кинои шӯравӣ. Артисти халқии ИҶШС (1949). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974).
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳунарпешаи Театри ба номи В. Ф. Комиссаржевскийи Маскав (1918–20), Театри ба номи В. Э. Мейерхолд (1920–35), ҳунарпеша ва коргардони киностудияҳои «Украинфилм» (1935–36), «Мосфилм» (1936–37), Театри хурди Маскав (1938–87). Маҳорату малакаи баланди Илйинский дар нақшҳои Муросочӣ, Присипкин («Мистерия-буфф», «Кана»-и В. Маяковский), Аркашка Счастливсев («Беша»-и А. Н. Островский), Расплюев («Тӯйи Кречинский»-и А. В. Сухово-Кобилин), Аким («Дар Зулмот»-и Л. Н. Толстой), Хелестаков («Муфаттиш»-и Н. В. Гогол), Шмага («Гунаҳгорони бегуноҳ»-и А. Н. Островский) ва ғ. хеле барҷаста зоҳир гаштааст. Илйинский дар филмҳои «Аэлита», «Мурофиаи се миллион», «Мисс Менд», «Лӯхтаки миллиондор» ва ғ. нақшҳои ҷолиб офарида, машҳур шуда буд. Нақши Бивалов дар филми «Волга-Волга» яке аз муваффақиятҳои намоёни фаъолияти эҷодии ӯст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1941, 1942, 1951). Бо 3 ордени Ленин сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Deutsche Nationalbibliothek Record #124727786 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
- ↑ Ильинский Игорь Владимирович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Discogs(англ. амр.) — 2000.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Илйинский Игор Владимирович // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Википедия:Статьи с нераспознанным языком (ref)
- Зодагони 24 июл
- Зодагони соли 1901
- Зодагони Маскав
- Даргузаштагони 13 январ
- Даргузаштагони соли 1987
- Даргузаштагони Маскав
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Ҳунарпешагони халқии ИҶШС
- Ҳунарпешаҳои шоистаи ҶШФСР
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Барандагони Мукофоти сталинӣ
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон