Илйин Виталий Сергеевич
Илйин Виталий Сергеевич | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 21 декабр 1904 (3 январ 1905) |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 27 март 1976 (71 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | зистшимӣ |
| Алма-матер | |
| Ҷоизаҳо | |
Илйин Виталий Сергеевич (21 декабр 1904 [3 январ 1905], Санкт-Петербург — 27 март 1976, Санкт-Петербург) — биокимиёдон, д. и. биология (1943), проф., узви пайвастаи АИТ ИҶШС.
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти тиббии Санкт-Петербург (1926). Х. и. лабораторияи патологияи озмоишии Институти давлатии табиатшиносии ба номи Лесгафти ш. Ленинград (ҳоло Санкт-Петербур; 1927–30), ассистенти кафедраи биокимиёи Институти тарбияи ҷисмонӣ (1930–33), мудири лабораторияи озмоишии Институти хунгузаронӣ (1933–34), ассистенти кафедраи биокимиёи Институти тиббии 1-уми Санкт-Петербург (1934–39). Августи соли 1940 ба Тоҷикистон омад. Мудири кафедраи биокимиё (1940–45), ҳамзамон муовини ректор оид ба қисми илмии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1941–42). Аз соли 1945 фаъолияташро дар Ленинград идома додааст. Мудири кафедраи биокимиёи Институти тиббии стоматологӣ (1945–52), роҳбари шуъбаи биокимиёи Институти таҳқиқоти илмии тибби таҷрибавии АИТ ИҶШС (1952–76), ҳамзамон мудири кафедраи биокимиёи клиникии Институти давлатии такмили ихтисоси духтурони ш. Ленинград буд. Муаллифи зиёда аз 170 китобу мақолаҳои илмӣ. Пажӯҳишҳои Илйин ба физиология, бемориҳои танзими асабу эндокринии мубодилаи моддаҳо дар бофтаҳои мушак ва масоили хунгузаронӣ бахшида шудаанд. Яке аз асосгузорони Ҷамъияти илмии тиббии Тоҷикистон.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Илйин Виталий Сергеевич // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Зодагони 3 январ
- Зодагони соли 1905
- Зодагони Санкт-Петербург
- Даргузаштагони 27 март
- Даргузаштагони соли 1976
- Даргузаштагон дар Иттиҳоди Шӯравӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимон
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ