Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Илйин Иван Александрович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Илйин Иван Александрович
Таърихи таваллуд 28 марти (9 апрели) 1883
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 21 декабри 1954(1954-12-21)[1] (71 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ фалсафа, ҳақшиносӣ, нависандагии эҷодӣ ва касбӣ[d][2] ва рӯзноманигории эътиқодӣ[d][2]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа[d] ва Doctor of Sciences[d]
Алма-матер
Шогирдон Aleksandr Akhmanov[d]
Имзо Имзо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Илйин Иван Александрович (28 марти [9 апрели] 1883, Маскав21 декабри 1954[1], Zollikon[d], Тсюрих) — файласуфи динии рус, намояндаи навҳегелгароӣ, ҳуқуқшинос, публитсист, мунаққиди адабӣ.

Баъди хатми гимназияи классикии № 1 ш. Маскав бо медали тилло соли 1901 ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Маскав дохил шуд ва таълимоти фалсафӣ-юридикии проф. П. И. Новгородсевро фаро гирифт. Соли 1906 донишгоҳи мазкурро бо дипломи дараҷаи аввал хатм карда, муддате дар он барои дарёфти унвони профессорӣ кор кард. Соли 1911 барои тадқиқи фалсафаи Ҳегел ба сафари хидматии илмӣ ба Олмон рафт. Пас аз бозгашт аз Олмон дар донишгоҳи мазкур ва дар дигар макотиби олии ш. Маскав дарс гуфт. Ҳокимияти Шӯравиро хуш надошт; шаш бор зиндонӣ шуд, охирон бор сентябри соли 1922 бо ҳукми додгоҳ ба хориҷа бадарға шуд. Дар ш. Берлин 16 сол иқомат кард. Дар Институти илмии русии он ҷо кору фаъолият намуда, дар шаҳрҳои гуногуни Олмон, Фаронса, Швейсария, Чехословакия, Югославия ва Латвия маърӯзаҳо хонд. Соли 1934 барои тибқи дастуру нишондодҳои фашистони олмонӣ дарс нагуфтан аз институти мазкур хориҷ шуд ва тӯли 4 сол таҳти таъқиби ҳокимияти фашистӣ қарор дошт. Тобистони соли 1938 ба Швейсария рафт.

Илйин осори боарзише аз худ боқӣ гузоштааст: беш аз 40 китобу рисолаи хурду бузург, садҳо мақолаи илмӣ, беш аз 100 маърӯза, номаҳои зиёд, баъзе таҳқиқотҳои баанҷомнарасида, шеърҳо, достонҳо, таснифоти адабӣ, хотираҳо, ҳуҷҷатҳое, ки дар бойгониҳои кишварҳои гуногун маҳфузанд. Илйин ба таҳқиқи ғояҳои фалсафӣ ва осори файласуфон машғул шудааст. Яке аз беҳтарин тафсирҳои фалсафаи Ҳегел ба ӯ тааллуқ дорад: рисолаи дуҷилдаи доктории Илйин «Фалсафаи Ҳегел ҳамчун таълимот дар бораи муайянсозии Худо ва инсон» (ҷилди 1–2. 1918) ном дорад. Дар бахши фалсафаи ҳуқуқ рисолаҳо ва мақолаҳои бисёре ба табъ расонидааст: таҳқиқоти бунёдии ӯ дар ин соҳа рисола «Дар бораи моҳияти ақидаҳои ҳуқуқӣ» (1956) мебошад, ки дар он се «мусаллама (аксиома)-и ҳуқуқӣ» ифода ёфта, асоси ҳаёти ҳуқуқии тамоми мардумони муосирро дар бар мегирад («қонуни шарофати маънавӣ, қонуни мухторият ва қонуни эътирофи тарафайн»). Маҷмӯи ақидаҳои ҳуқуқӣ барои Илйин пеш аз ҳама мақулаи маънавӣ, ахлоқӣ ва динӣ мебошад ва баъдан мақулаи ҳуқуқӣ. Дар бораи назарияи давлат ва сохти сиёсӣ ӯ ду асар таълиф кардааст: яке маҷмӯаи мақолаҳои дуҷилдаи «Вазифаҳои мо» (1956) ва дигаре рисолаи ба охир нарасонидаи «Дар бораи монархия ва ҷумҳурият» (1979). Ғояҳои асосии маърӯзаҳои машҳури ӯ «Дар бораи асолати ватандӯстӣ» (1914–15) ба китоби «Роҳҳои таҷаддуди маънавӣ» (1937) ворид шудаанд. Дар фалсафаи ахлоқ ғояи асосии Илйин дар китоби «Дар бораи муқобилат ба бадӣ бо қувва» (1925) ифода ёфтааст, ки дар Аврупо ва Русия мубоҳисаҳои тунду тез барангехт. Дар фалсафаи динӣ Илйин пайрави В. Соловев набуд, ҳарчанд ахириро эҳёгари фалсафаи динии рус меномиданд. Илйин ба таълимоти ин ё он бузургони динии масеҳиён маҳдуд нашуда, сарчашмаи илҳоми худро аз рӯҳи илоҳӣ меҷӯст; масоили тавозун ва тавофуқи рӯҳу ғариза, қонунҳои табиату рӯҳ дар маркази таълимоти ӯ қарор доранд. Дар зебоишиносӣ ӯ пеш аз ҳама ба бадеиёт, раванди тавлиду таҷассумёбии тимсоли зебоӣ диққати асосӣ медод ва ҳадди аълои зебоишиносиро такомули бадеӣ медонист. Ӯ дар бораи осор ва шахсияти Пушкин, Гогол, Достоевский, Толстой, Бунин, Ремизов ва дигарон ду рисола нигоштааст. Мавзӯи асосии таҳқиқоти фалсафии Илйин Русия ва халқи рус мебошад. Асарҳои ӯ «Моҳият ва хусусиятҳои фарҳанги русӣ» ва «Русияи оянда» ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд. Илйин дар бораи таърихи Русия, ояндаи он, дар бораи ҷанбаҳои тавоноиву заъфи халқи рус навиштаву диққати зиёд додааст. Ба андешаи ӯ, дастуроти динӣ ва рӯҳи православии русӣ «ибодат, эҳтироми пирон, Иди Пасха, эҳтироми бибӣ Марям ва авлиёҳо, муроқибаи замир, муҳаббат ба озодӣ, табиати беолоиши кӯдакона, виҷдони зинда, тамоюл ба такомул дар тамоми чизҳо, имон ба ташаккули илоҳии рӯҳи инсонӣ бунёди халқи русро ташкил медиҳанд».

Илйин Иван Александрович // Замин — Илля. Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). ISBN 978-99947-33-89-9.