Иллиризм
Иллиризм — ҷунбиши ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фарҳангии хорватҳо (1830–40).
Дар Хорватия, Славония, Далмасия, марзҳои ҳарбии Австрия зуҳур карда, сарзамини славянҳои ҷанубиро фаро гирифт ва қисман аз ҷониби сербҳо ва словенҳо пуштибонӣ ёфт. Иллиризм аз густариши ҳаракатҳои миллӣ дар Аврупо пас аз Инқилоби бузурги Фаронса (1789–99), ҷангҳои Наполеон ва оғози ташаккулёбии миллати хорват сарчашма гирифт. Намояндагони Иллиризм шиори таъсис додани «Иллирияи Бузург»-ро пешбарӣ карданд, ки бояд тамоми минтақаҳои сукунати славянҳои ҷанубӣ ва қисман ғайриславяниро дар бар мегирифт. Асоси идеологияи Иллиризмро қаробати қавмӣ ва муштаракоти таърихиву фарҳангии славянҳои ҷанубӣ (худро ба иллирийҳо мансуб медонистанд), ваҳдати забонӣ ва сиёсии иллириён, ташаккули забони адабии муштарак (забони иллирӣ) ва ҳифзи ҳувияти миллӣ ташкил медод. Дар заминаи Иллиризм адабиёти миллии хорват (намояндагонаш Л. Гай, С. Враз, П. Прерадович, И. Мажуранич, Д. Деметер И. Берлич) ташаккул ёфт. Аз оғози солҳои 1940 И. моҳияти сиёсӣ пайдо карда, ба ду шоха: либералӣ-ашрофӣ (Ҳизби иллирийӣ) ва муҳофизакор (консерватор)-ӣ (Ҳизби хорватӣ-маҷорӣ ё «мадяронҳо») ҷудо шуд. Либералҳо (Л. Гай, И. Кукулевич-Саксинский, Л. Вукотинович, Д. Кушлан ва дигарон) барои иттиҳоди маъмурии Хорватия, Славония ва Далмасия ва мақоми давлатӣ гирифтани забони сербу хорватӣ кӯшиш доштанд. Муҳофизакорон (Я. Драшкович ва дигарон) барномаи рушди «ҳуқуқҳои маҳдуд» (мухторият)-и Хорватияву Славонияро дар ҳайати шоҳии Маҷористон пешниҳод карда, барои нигоҳ доштани сохтори мавҷуда ва имтиёзҳои табақавии он пофишорӣ мекарданд. Соли 1843 ҳокимияти Австрия истифодаи мафҳумҳои «Иллирия» ва «Иллирийҳо»-ро дар матбуот манъ кард. Баъд аз инқилоби соли 1848 Иллиризм пароканда шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иллиризм // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.