Иллирийҳо

Иллирийҳо (юн.-қад. Ἰλλυριοί,лот. Illyrii – озодагон) — иллирианҳо, номи умумии гурӯҳи бузурги қабилаҳои ҳиндуаврупоӣ, ки дар шимолу ғарби нимҷазираи Балкан, аз соҳилҳои миёнаи дарёи Дунай то баҳри Адриатик (қабилаҳои далматҳо, либурнҳо, истриҳо, яподҳо, паннониҳо, дезитиатҳо, пирустиҳо, дитсиониҳо, дарданиҳо, ардиеиҳо, таулантиҳо ва ғ.) ва қисман дар ҷанубу шарқи нимҷазираи Апеннин (япигиҳо, мессапиҳо ва ғ.) иқомат доштанд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Бори аввал дар бораи Иллирийҳо муаррихони юнонӣ Гекатейи Милетӣ ва Ҳеродот маълумот додаанд. Фарҳанги Иллирийҳо ба асри биринҷӣ (ҳазорсолаи 2 то м.) мансуб буда, зери таъсири тамаддуни этрускҳо (дар шимол), юнониҳои қадим (дар ҷануб) ва фракиҳо (дар шарқ) ташаккул ёфтаст. Шуғли асосии Иллирийҳо кишоварзӣ, чорводорӣ ва истихроҷу гудозиши филиззот буд. Аз асрҳои 7–3 то м. юнониҳо дар қаламрави сукунати Иллирийҳо чандин минтақаи тиҷоратӣ ва кишоварзӣ ташкил карданд. Иллирийҳо дар натиҷаи ҳуҷуми келтҳо (ибтидои асри 3 то м.) қисман минтақаи сукунати худро тарк карда, боқимонда дар омезиш бо онҳо қабилаҳои иллириҳо–келтҳоро ба вуҷуд оварданд. Дар давраи бархӯрдашон бо румиҳо (асри 3 то м.) ҷамоаи ибтидоӣ дар байни Иллирийҳо таназзул ёфт, баъзе қабилаҳои Иллирийҳои ҷанубӣ (энхелейҳо, таулантинҳо, ардиеиҳо) иттиҳоди сиёсии мустақил доштанд (асрҳои 4–3 то м.). Масалан, ардиеиҳо қабилаҳои ҳамсояи худро муттаҳид намуда, иттиҳоди сиёсии мустақилро бо марказаш дар Скодре (ҳоло Шкодер) ташкил карданд. Дар рафти ҷангҳои Иллирийҳо (229–28, 219, 168–67 то м.) румиҳо минтақаи сукунати ардиеиҳоро ғасб карда, онро ба музофоти Македония (148 то м.) ҳамроҳ намуданд. Баъдан минтақаи сукунати дигар қабилаҳои Иллирийҳо (либурниҳо, далматиҳо, яподҳо, дезитиатҳо ва пирустҳо) ба қаламарави Империяи Рум муттаҳид карда шуданд ва онҳо тадриҷан фарҳанги румиҳоро пазируфтанд (2–1 то м.). Иллирийҳо дар давраи муҳоҷирати бузурги халқҳо (асрҳо 4–7) комилан омезиш ёфтанд ва забони қадими иллирийӣ тадриҷан аз байн рафт. Дар асри 7 қабилаҳои славянӣ дар қаламрави сукунати Иллирийҳо якчанд давлати хурд ташкил карданд. Иллирийҳо бошишгоҳи истеҳкомии мудаввар ва хонаҳои сангӣ доштанд. Пас аз истилои Рум дар байни Иллирийҳо фарҳанги шаҳрсозии румӣ паҳн гардид. Ёдгориҳои фарҳангии Иллирийҳо дар Австрия, Албания, Босния ва Ҳерсеговина, Италия, Македония, Сербия, Хорватия ва Черногория боқӣ мондаанд. Бархе олимон Иллирийҳоро аҷдоди имрӯзаи албаниягиҳо меҳисобанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иллирийҳо // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.