Иллюстратсия
Тасвирсозӣ, иллюстратсия (лот. illustratio — тасвири аёнӣ, тасвири зинда) — тасвири зоҳирӣ ё сатҳии воқеият ва хислати одам дар асарҳои санъат.
Тасвирсозӣ як соҳаи санъат буда, асосан дар шарҳи асари илмӣ ва бадеӣ ёрӣ мерасонад. Тасвирсозӣ хосси санъати қаламкашӣ (графика), ороиши китоб, рӯзнома, маҷалла ва ғ. мебошад. Рушди санъати тасвирсозӣ бо таърихи китоб алоқаманд аст. Дар ибтидо тасвирсозиҳои дастнависҳо тавассути минётура сурат гирифта, баъди ба вуҷуд омадани китоби чопӣ (чопи сангӣ) тасвирсозӣ як қисми асосии графика гардид. Аввалин тасвирсозиҳои ҳаккокӣ (ксилографӣ) асрҳои 6-7 дар Чин пайдо шуда, асри 12 интишор ёфтанд. Ибтидои асри 17 дар Ҷопон графикаи китоб ба вуҷуд омада, асрҳои 18-19 инкишоф ёфт. Мусаввирон Х. Моронобу, С. Харунобу, К. Утамаро, К. Хокусай бо муҳаббати бузург ҳастии оламро дар тасвирсозӣ таҷассум сохтаанд. Дар Аврупо тасвирсозии ҳаккокӣ дар асри 15 ба вуҷуд омада, аввал як воситаи муҳимми интишори тафаккури динӣ-дидактикӣ ва баъдан ҳамчун ғояҳои гуманистию навоварона густариш ёфт («Мазҳакаи илоҳӣ»-и А. Данте, рассом С. Боттичелли). Дар Руси Қадим низ ба дастнависҳои асарҳои динӣ, таърихӣ ва солномаҳо тасвирсозӣ меофариданд. Дар Арманистон, Гурҷистон, Византия ва Аврупои Ғарбию Шарқӣ низ санъати тасвирсозӣ ривоҷ ёфта буд. Аз ҷумла дар Гурҷистон достони «Палангинапӯш»-и Ш. Руставели бо тасвирсозиҳои хеле ҷолиб оро ёфтааст (М. Тавкаришвили, 1946). Дар Озарбойҷон, Осиёи Миёна, Эрон, Ҳиндустон ба офаридаҳои Абулқосим Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Умари Хайём ва дигар адибони бузург минётурҳои зиёде кашида шудаанд. Дар асри 15 ва аввали асри 16 мактаби минётурнигории Ҳирот дар Шарқи Миёна сабки хоссе буд, ки таҳти таъсири он дар асрҳои баъдӣ чандин мактабҳои минётурнигорӣ ва марказҳои маданӣ-фарҳангӣ ба вуҷуд омаданд. Барои ороишоти дастнависҳо мусаввараҳои китобӣ аҳаммияти махсус пайдо карда, бо услуби рассомии монументалӣ ва санъати амалӣ инкишоф ёфт. Бахусус саҳнаҳои пазироӣ, вохӯрӣ, шикор, муҳорибаҳои дастаҷамъии ҷанговарон ва ҷанги тан ба тан, манзараҳои нотакрори табиат ва заҳмати ҳунармандон аз мавзӯъҳои асосии тасвири минётурнигорон буданд. Дар нимаи дуввуми асри ХV санъати минётурнигорӣ тавассути минётураҳои Камолуддин Беҳзод ва рассомони давраи ӯ — Мираки Наққош, Шоҳмузаффар, Қосим Алӣ ва дигар рассомон ба пояи баланд расид. Силсилаи асарҳои минётурии онҳо арзиши асарҳои классиконро афзун сохт. Беҳзод ба ҳайси китобдори китобхонаи дарбори охирин намояндаи Темуриён дар Хуросон — Ҳусайн Бойқаро (ҳукмронӣ, 1469—1506), ки тамоми котибону музаҳҳибон, ҳалкорону заркӯбон, лаввоҳону саҳҳофон, ҷадвалкашону наққошони китобхонаро таҳти итоати ӯ гузошта буд, санъати ороиши китобро ба пояи хеле баланд расонд.
Намоёнтарин устодони санъати тасвирсозии асрҳои миёнаи мутааххир ва Эҳё М. Волгемут, В. Плейденвурф, А. Дюрер (Олмон), У. Граф (Швейтсария), Я. Сварт (Нидерландия), Б. Саломон, Ж. Дюве (Фаронса), В. Тисиан (Италия) ва дигарон буданд. Охири асри 16 дар тасвирсозӣ ҳаккокии рӯи мис маъмул гардид. Дар ин давра тасвирсозӣ ба санъати мустақиле табдил ёфт, ки онро дар коғази махсус кашида, баъд ба матн мечаспониданд. Дар ибтидои асри 19 намунаҳои беҳтарини тасвирсозии илмию табиӣ офарида шуданд. Беҳтарин тасвирсозиҳои охири асри 19 ва аввали асри 20 ба Т. Стейнлен, Д. Верж (Фаронса), М. А. Врубел, Л. О. Пастернак (Русия), Р. Кент (ИМА) тааллуқ доранд. Ба тасвирсозии асри 20 шарҳу тафсири бевоситаи матни асар хоссанд. Тасвирсозӣ дар давраи шӯравӣ яке аз воситаҳои тарбияи ғоявию эстетикӣ маҳсуб мешуд. Интишори нахустин китобҳои дарсӣ дар аввали солҳои 20 асри 20 барои инкишофи санъати қаламкашӣ ва тасвирсозикунонии китобҳо асос гардид. Дар ин давра фаъолияти рассомон Л. Бурэ, В. Еремян, Г. Никитин, А. Сиддиқӣ, М. Новик, К. Чепраков, В. Куколев сермаҳсул мебошанд. Солҳои 50-60 асри 20 ороиши китобҳо хеле инкишоф ёфт. Тасвирсозиҳои рассомон Б. Серебрянский ва П. Зобнин дар асарҳои «Дохунда», «Марги Судхӯр» ва «Одина»-и С. Айнӣ хеле моҳирона мебошанд. Б. Серебрянский ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ тасвирсозиҳои хос офаридааст. Рассомони моҳир, аз ҷумла К. Туренко, С. Вишнеполский, Д. Винокуров, В. Фомин, С. Краснополский ва дигарон барои асарҳои адибони бузург Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Хайём, Навоӣ, Бедил, Улуғзода, Деҳотӣ, Турсунзода, Миршакар тасвирсозиҳои зиёд офаридаанд. Солҳои 70-80 асри 20 графикаи тоҷик ба таври бесобиқа рушд кард. Дар ин давра тасвирсозиҳои қаламкашони Тоҷикистон, аз ҷумла П. Гейвандов, С. Вишнеполский, В. Пӯлодов, Б. Серебрянский, К. Туренко, Т. Самандаров, Р. Азимов, М. Ғаниев, Ф. Хоҷаев ва дигарон дар ороиши китобҳо назаррас мебошанд. Ҳоло бо тасвирсозии китобҳо бештар рассомон А. Исоев, С. Имоддинова, Ғ. Шукуров ва дигарон машғуланд. Аз ҷумла С. Имоддинова дар офаридани тасвирҳо мувофиқи муҳтавои китобҳои «Спитамен», «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» (ҷилдҳои 2-6), «Донишнома барои кӯдакону наврасон», «Фарҳанги мардуми тоҷик» (ҷилдҳои 1-2) маҳорати баланд зоҳир кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иллюстратсия / З. Боймуродова // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Иллюстрация // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 3 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов. — Д. : СИЭМТ, 1988—2004.
- Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат. Д., 2003;
- Мухторов А. Таърихи халқи тоҷик. Асрҳои ХIV-ХIХ.
- Китоби дарсӣ барои синфи 8. Д., 2009.