Илм дар Тоҷикистон
Илм дар Тоҷикистон — яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар кишвар.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз замонҳои қадим халқи тамаддунофари тоҷик ба омӯзиши илму дониш таваҷҷуҳи зиёд дошта, бузургони илму адаб ба монанди Абӯалӣ ибни Сино, Муҳаммади Хоразмӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Имом Абӯҳанифа, Насириддини Тӯсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Ҷамшеди Кошонӣ ва дигарон дар инкишофи илм дар сарзамини тоҷик хидматҳои бузург кардаанд[1].
Даврони пешазисломӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Оғози ташаккули илму фанро дар мулки Аҷам ба аҳди сосонӣ ва ҳатто то замони хилофати араб мансуб медонанд. Дар он замон фарҳангистони Гунди Шопур шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуда буд. Донишмандони ин маркази илмӣ энсиклопедияи сеҷилдаро таълиф намуда, дар соҳаи тиб, химия ва илмҳои дигар ба комёбиҳои бузург ноил шуда буданд[1].
Даврони Сомониён
[вироиш | вироиши манбаъ]Комёбиҳои илму фанни давраи сомонӣ камтар аз муваффақиятҳои адабиёти нафиса набуд. Аммо фарқ дар ин буд, ки асарҳои илмӣ мисли пештара аксаран ба забони арабӣ таълиф меёфтанд. Забони арабӣ дар байни мамлакатҳои Шарқи исломӣ дар зарфи чандин асрҳо роли забони илмии байналхалқиро иҷро мекард. Бо забони маҳаллӣ навиштани асарҳои илмӣ боиси маҳдудшавии доираи интишори осори муаллиф мегардид. Инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки забони арабӣ барои ифодаи муҳимтарин мафҳумҳои илмӣ истилоҳоти мувофиқ дошт. Аз ин сабаб муаллиф кӯшиш менамуд, ки асарҳои худро ба забони арабӣ нависад, то ки онҳо дастраси ҳамаи доираҳои илмии кишварҳои Шарқ гарданд[2].
Олимони ин давра дар ҳар як соҳаи илму фан ниҳоят зиёданд ва барҷастатарини онҳо Ибни Қутайба дар соҳаи таърих ва адабиётшиносӣ, Абӯмуашшар Ҷаъфар ибни Муҳаммади Балхӣ аз маъруфтарин мунаҷҷимон, Абӯбакри Наршахӣ яке аз муаррихони машҳури давраи сомонӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино мебошанд[2].
Аморати Бухоро
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар давраи аморати Бухоро анъанаи илмии халқи тоҷик қариб тамоман аз байн рафта буд. Дар мамлакат муассисаҳои илмӣ, кадрҳои илмӣ вуҷуд надоштанд, аксарияти кулли халқ бесавод буданд. Бинобар ин, илми имрӯзаро дар мамлакат қариб тамоман аз нав сар кардан лозим омад[1].
Тоҷикистони Шӯравӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Илм дар Тоҷикистони Советӣ ҳамчун илми советӣ инкишоф ёфт. Марҳилаи ибтидоии инкишофи илм дар Тоҷикистон бо давраи азнавсозии пуравҷи револютсионӣ дар як вақт рост омад, ки солҳои 1917-1924- ро фаро мегирад. Барои вусъати ояндаи корҳои илмӣ бо ташаббуси В. И. Ленин кушода шудани Университети Давлатии Осиёи Миёна аҳамияти бузург дошт. Дар марҳилаи дуюм (солҳои 1924—1932) як қатор экспедитсияҳои илмӣ ташкил карда шуданд, ки мақсади онҳо тадқиқи қувваҳои истеҳсолкунандаи республика буд. Ин экспедитсияҳо дар инкишофи илм дар Тоҷикистон роли бағоят муҳим бозиданд. Марҳилаи сеюм (солҳои 1932—1941) давраи байни дар Тоҷикистон ташкил карда шудани базаи Академияи фанҳои ИҶШС ва ба филиали тоҷикистонии АФ СССР табдил ёфтани онро дар бар мегирад.
Дар давраи пеш аз ҷанг масъалаҳои кор карда баромадани грамматика ва китобҳои дарсии мактабӣ, аввал дар асоси графикаи лотинӣ ва баъд графикаи русӣ ба алфавити нав гузаштан ҳал карда шуда буданд. Илми адабиётшиносӣ низ дар ҳамин вақт инкишоф меёбад. Марҳилаи чорӯми сифатан нави таърихи илм дар Тоҷикистон ба филиали тоҷикистонии Академияи фанҳо табдил додани база (с.1941) буд, ки дар назди он се институти табиатшиносии илмӣ (геология, ботаника, зоология) ва як институти гуманитарӣ (таърих, забон ва адабиёт) барпо шуд. Бо вуҷуди душвориҳои замони ҷанг ба такмили муассисаҳои илмӣ мувофиқи талаботи хоҷагии халқи республика диққати калон дода мешуд. Дар соли 1944 дар назди филиал аспирантура кушода мешавад ва бо ҳамин мунтазам тайёр намудани кадрҳои илмӣ оғоз меёбад.
Дар соли 1948 Университети давлатии Тоҷикистон кушода мешавад, ки он базаи мустаҳками дар республика боз ҳам зиёдтар тайёр кардани кадрҳои илмӣ гардид. Марҳилаи панҷум бо таъсиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 14- апрели соли 1951 ташкил ёфтааст ва нахустин президенти он Садриддин Саидмуродович Айнӣ буд, пайваста аст. Баъди таъсис ёфтани Академияи илмҳо дар ҷумҳурӣ ба таъсис ва инкишофи базаи илми ҷумҳурӣ аҳамияти махсус дода шуд. Пас аз таъсис ёфтани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмӣ дар пажӯҳишгоҳҳо ва донишкадаҳои олӣ рӯ ба инкишоф оварданд. Баъди ин дар назди Академия муассисаҳои нави илмӣ- институти сейсмология (баъд институти сохтмони ба зилзилатобовар ва сейсмология), институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия ба вуҷуд омаданд[1].
Даврони истиқлол
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бӯҳрони ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, ки ба асари воқеъаҳои ибтидои солҳои 90-ум ба амал омад, илм дар сатҳи нисбатан баланд мавқеъ дошт. Дар институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои дигари илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ заминаи моддиву техникӣ ба вуҷуд оварда шуда буд. Дар бисёре аз самтҳои илм кадрҳои илмӣ тайёр карда шуда, мактабҳои аслии илмӣ ташаккул ёфта буданд. Таҳқиқот дар ҳамоҳангӣ бо институтҳои Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва марказҳои дигари илмии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом дода мешуданд.
Пас аз мустақилияти давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши зиёд ба ҳифз ва дастгирии нерӯи илмӣ, ислоҳоти илм ва ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷумҳурӣ нигаронидани илм равона шуда буд. Дар айни замон раванди ислоҳоти илм идома дорад. Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оҳиста-оҳиста ба фаъолият дар шароити нав мутобиқ шуда истодаанд. Давлат дастгирӣ ва таҳкими нерӯи илмиро барои пешрафти бомуваффақияти мамлакат бо роҳи рушди устувор яке аз самтҳои стратегӣ донистааст[3].
Сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи илм
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонун ва қарорҳое қабул гардидаанд, ки сиёсати миллиро дар соҳаи илм муайян намуда, ба дастгирии нерӯи илмӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ нигаронида шудаанд, аз ҷумла[3]:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ» (1998);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон " (2002);
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 1996 № 331 «Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ»;
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 1997 № 395 «Дар бораи таъсиси Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ»;
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 1999 № 87 «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000 № 54 «Дар бораи тартиби аккредитатсияи давлатии ташкилотҳои илмӣ»;
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2002 № 482 "Дар бораи Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ";
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2003 № 571 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005—2008»;
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2004 № 385 «Дар бораи фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон».
- Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007—2015 дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар боло зикр шудаанд, таҳия гардида буд.
Таҳқиқоти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маркази илмии мамлакат мебошад, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббии навтаъсиси (2009) назди Вазорати тандурустии ҶТ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва даҳҳо муассисаҳои дигари соҳавии илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ анҷом дода мешаванд[3].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Академияи илмҳои Тоҷикистон
- Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
- Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон
- Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Мавзуна Қаюмова. Аз таърихи илми тоҷик(тоҷ.). Ҳақиқати Суғд. www.hakikati-sugd.tj. 14 феврали 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 марти 2018.
- ↑ 2.0 2.1 Б. Ғафуров. Тоҷикон // Илм ва адабиёти халқи тоҷик (асрҳои IX-X)
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 (таҳрири нав). АИҶТ. http://www.anrt.tj.(пайванди дастнорас)