Илотҳо

Илотҳо (юн.-қад. εἱλῶται қадим – асирон) — дар Юнони Қадим як гурӯҳи мардуми Лакония ва Мессиния, ки ба спартагиҳо вобаста буданд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ҷиҳати мақоми иҷтимоӣ дар байни деҳқонон ва ғуломон қарор доштанд. Илотҳо ба кишти заминҳои давлатии спартагиҳо машғул шуда, як қисми маҳсулотро ба хоҷаҳои худ медоданд. Спартагиҳо ҳуқуқи худсарона зиёд кардани ҳаҷми андоз ва озод кардан ё фурӯши Илотҳоро надоштанд. Илотҳо дар қиёс бо ғуломон молики ашёву анҷоми рӯзгор ва олоти кор буданд; ба муносиботи маҳрамона иҷозат доштанд. Зарурати ҳифзи фармонбардории Илотҳо, ки шумораи онҳо дар деҳот нисбат ба спартагиҳо зиёдтар буд ва ҳар замон метавонистанд бар зидди хоҷаҳои худ қиём кунанд, тақозо намуд, ки Спарта ба давлати махсуси ҳарбӣ табдил ёбад. Спартагиҳо бо мақсади пешгирӣ аз қиёму ошӯби Илотҳо ба муқобили онҳо усули криптий – юришҳои ҷазодиҳандаро ташкил карданд. Пенестҳо дар Фессалия, киллириҳо дар Сиракуз ва мариандинҳо дар Ҳераклияи Понтий бо Илотҳо айният доштанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Илотҳо // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.