Илтиҳоби пӯст (дерматит)
Дерматит | |
|---|---|
| Пӯсти даст, ки дар натиҷаи таъсири керосин зарар дидааст | |
| МКБ-9 | 692.9 |
| OMIM | 603165 |
| MedlinePlus | 000853 |
| eMedicine | / |
| MeSH | D003872 |
Дерматит (аз юн.-қад. δέρμα — пӯст + лот. itis — илтиҳоб) — илтиҳоби пӯст, ки дар ҷойи таъсири бевоситаи омилҳои физикӣ ё химиявии беруна ба вуҷуд меояд. Баъзан ин истилоҳ дар маънои васеътар барои номи ҳар гуна илтиҳоби пӯст истифода мешавад (масалан, дерматити атопикӣ). Барои пешгирӣ аз иштибоҳ дар тиб истилоҳи «дерматити контактӣ»-ро истифода мебаранд ва зарарҳои пӯстро, ки бо сабабҳои дигар ба амал омадаанд, ба токсидермия нисбат медиҳанд.
Таснифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Дерматитро ба намудҳои зерин ҷудо мекунанд:
- Дерматити оддӣ: дар натиҷаи таъсири омили осебрасон ба ҳуҷайраҳои пӯст зуд инкишоф меёбад.
- Дерматити аллергӣ: реаксияи илтиҳобии навъи сусткардашуда мебошад, ки дар натиҷаи таъсири лимфоситҳо-и ҳассосшуда (сенсибилизатсияшуда) ба амал меояд.
Мувофиқи сабабҳои пайдоиш ва аломатҳо дерматитҳои зеринро фарқ мекунанд: травматикӣ (ҷароҳатӣ), доругӣ, термикӣ (сӯхтагӣ, хунукзадагӣ), рентгенӣ (дар натиҷаи нурҳои рентгенӣ ё радиоактивӣ), паразитӣ (хориш, гӯшак ва ғайра).
Норасоии рӯҳ дар бадан хавфи пайдоиши дерматитро зиёд мекунад, ки одатан аз чинҳои биниву лаб оғоз шуда, ба дигар қисмҳои бадан паҳн мегардад.
Этиология (Сабабҳо)
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамчун аллергенҳо метавонанд моддаҳои химиявӣ, маводи доруворӣ, воситаҳои косметикӣ ва растаниҳо баромад кунанд. Дерматити оддиро омилҳои механикӣ, ҳарорати баланд ё паст, нурҳои УБ, ҷараёни электрикӣ ва истифодаи тӯлонии респираторҳо ба вуҷуд оварда метавонанд.