Илф ва Петров
Илф ва Петров — нависандагони ҳаҷвнигори ҳаммуаллифи рус.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Илф Иля (тахаллус; насаб ва номи воқеияш Файнзилберг Иля Арнолдович; 15.10.1897, Одесса – 13.4.1937, Маскав), дар хонаводаи ходими бонк ба дунё омадааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи техникии Одесса (1913). Узви доираи адабии «Ҷамъияти шоирон» (аъзои ин ҳалқаи адабӣ Багритский Э. Г., Олеша Ю. К. ва дигарон буданд). Корманди «Югроста» (Агентии телеграфии ҷануби Руссия) ва рӯзномаи «Моряк». Аввалин бор (1923) бо имзои мустаори Илф эҷод кардааст. Соли 1923 ба Маскав омад. Ҷои кори доимиаш рӯзномаи «Гудок» ва бо М. А. Булгаков, В. П. Катаев, Л. И. Славин, Ю. К. Олеша ва дигарон ҳамкор буд. Ба Осиёи Миёна сафари эҷодӣ карда (1925), силсилаи очеркҳои «Маскав – Осиё»-ро навишт. Илф аслан ҳикоя, очерк меофарид ва дар эҷодиёташ таҷрибаи Инқилоби Октябр ва Ҷанги граждании 1917–22 русро таҷассум кардааст.
Петров Евгений (тахаллус; насаб ва номи аслияш Катаев Евгений Петрович; [(30.11.) 13.12.1897, Одесса – 2.7.1942)], аз хонадони омӯзгор. Бародари В. П. Катаев. Аввал хабарнигори Агентии телеграфии Украина, баъд нозири шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноӣ буд. Соли 1923 ба Маскав омад. Аввалин ҳикояаш бо номи «Ғоз ва чӯбҳои рабудашуда» (соли 1924) ба табъ расид. Бо имзои мустаори «Дирафш», Е. Петров ва ғайра дар маҷ-ҳои ҳаҷвии «Қаланфури сурх» ва «Оруи сурх» фелетону ҳикояҳои мутоибавӣ менавишт. Маҷмӯаи ҳикояҳояш «Хушиҳои Мегас» (1926), «Бидуни суханронӣ» (1927), «Харгӯш» (1928) ва ғайра ба нашр расиданд. Ҳамкории Илф ва Петров аз солҳои 1926 оғоз шуд. Нахустин асари бузургҳаҷми ҳаҷвӣ ва муштараки Илф ва Петров романи «Дувоздаҳ курсӣ» (1928) буд, ки зуд шуҳрат ёфт. Соли 1931 романи «Гӯсолаи тилоӣ»-и Илф ва Петров чоп шуд, ки дар он саргузашти қаҳрамони асосии «Дувоздаҳ курсӣ» – Остап Бендер идома ёфтааст. Дар ҳар ду роман низоми буржуазияи давр мояи танзу истеҳзо қарор гирифтааст. Солҳои 1935–36 Илф ва Петров савори автомобил ба саёҳати Амрико баромада, баъди бозгашт китоби «Амрикои якошёна» (1936)-ро навиштанд, ки дар он пешравӣ ва норасоиҳои рӯзгори амрикоиҳо тасвир шудааст. Илф аз бемории сил фавтид. Петров ёддоштҳои ӯро баъди фавташ бо номи «Дафтарҳои қайд» (1939) ба табъ расонд, ки чун асари барҷастаи адабӣ эътироф шудааст. Петров баъд аз марги Илф чанд филмнома ва песаҳои «Ҷазираи сулҳ» (1947), «Рӯзномаи фронт»-ро (1942) навишт ва аз рӯзҳои аввали ҶБВ хабарнигори фронтии рӯзномаҳои «Правда» ва «Известия» буд. Ӯ ҳангоми бозгашт аз Севастопол ба Маскав, бар асари садама ҳалок шуд. Илф бо ордени Ленин ва медали ҷангӣ сарфароз гардидааст. Аз рӯи асарҳои Илф ва Петров намоишномаҳои театрӣ ва кинофилмҳо офарида шудаанд. Китобҳои онҳо ба чандин забон тарҷума гардидаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Илф ва Петров / Ф. Маҳмадуллоев // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.