Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Илюшин Сергей Владимирович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Илюшин Сергей Владимирович
русӣ: Сергей Владимирович Ильюшин
Таърихи таваллуд 18 (30) март 1894
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 9 феврал 1977(1977-02-09)[1][2][3][…] (82 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ aircraft industry[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d]
Алма-матер
Шогирдон Genrikh Novozhilov[d]
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр ордени Байрақи Сурх ордени Байрақи Сурх Order of Suvorov, 1st class Order of Suvorov, 2nd class ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Ситораи Сурх Ордени Ситораи Сурх Медали «Барои мудофиаи Москва» Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Medal "For the Victory over Japan" Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945» Medal "Veteran of the Armed Forces of the USSR" Jubilee Medal "XX Years of the Workers' and Peasants' Red Army"
State Stalin Prize, 1st degree State Stalin Prize, 1st degree State Stalin Prize, 1st degree State Stalin Prize, 1st degree Stalin Prize, 2nd degree Stalin Prize, 2nd degree Stalin Prize, 2nd degree Мукофоти ленинӣ Ҷоизаи давлатии СССР
Вебгоҳ ilyushin.org(рус.)
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сергей Владимирович Илюшин (30.3.1894, деҳаи Дилялево, губ. Вологда – 9.2.1977, Маскав), авиаконструктори шӯравӣ, акад. АИ ИҶШС (1968), генерал-полковники умури муҳандисию техникӣ (1967), се карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1941, 1957, 1974). Аз соли 1919 дар Артиши Шӯравӣ ҳамчун авиамеханик, коменданти ҳарбии поезд-устохонаи авиатсионии Артиши 6-ум, аз соли 1921 сардори поезд-устохонаи авиатсионии Артиши қафқозӣ (артиши Кубан ва Қафқоз) буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Академияи ҳарбии ҳавоии муҳандисии ба номи Н. Е. Жуковский (1926). Соли 1931 Бюрои конструкторӣ ташкил дода, ба кори он роҳбарӣ кард. Дар аввалин ҳавопаймоҳои ҷангии ӯ СКБ-26 рекордҳои ҷаҳонии баландпарвозӣ гузошта шуда, бо СКБ-30 (СКБ-30Ф) (1936) дар солҳои 1938–39 парвозҳои тӯлонии Маскав – ш. Владивосток ва Маскав – ҷаз. Миску (Амрикои Шимолӣ) анҷом дода шуданд. Аз соли 1935 Илюшин Сергей Владимирович сарконструктор, солҳои 1956–70 конструктори кулл. Ҳавопаймоҳои ҳамлавии Ил-2 (1939), Ил-8, Ил-10 (1943), Ил-16 ва аввалин дар таърихи ҳавопаймоӣ (авиатсия) ҳавопаймои ҳамлавари реактивии Ил-40, ҳавопаймоҳои бомбаандози Ил-4, Ил-6 (1943), ҳавопаймои реактивии таҷрибавии Ил-22 (аввалин ҳавопаймои реактивии бомбаандози шӯравии Ил-28), ҳавопаймоҳои мусофирбари Ил-12 (1946), Ил-14 (1951), ҳавопаймои бисёрҷояи турбовинтии Ил-18 (1957), ҳавопаймои турбовентилятории байниқитъавии Ил-62 (1962), ҳавопаймои боркаши Ил-76 (аэробус) дар Бюрои конструктории Илюшин Сергей Владимирович сохта шудаанд. И. дар баробари сохтани ҳавопаймоҳои гуногуни ҳарбиву гражданӣ дар ҳавопаймосозии шӯравӣ мактаби нав барпо кард. Вакили Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 1–7).

Ягона шахсест, ки бо 7 Мукофоти сталинӣ (1941, 1942, 1943, 1946, 1947, 1950, 1952), Мукофоти ленинӣ (1960), Мукофоти давлатӣ (1971), 9 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

  1. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. Brockhaus Enzyklopädie (нем.)F.A. Brockhaus, 1796.
  3. Store norske leksikon (бук.) — 1978. — ISSN 2464-1480