Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иля Малинин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иля Малинин
англ. Ilia Malinin
Малинин (2026)
Малинин (2026)
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Номи пурра Иля Малинин
Кишвар  ИМА
Тахассус Яхмолакбозии бадеӣ (рақобати яккасаи мардон)
Зодрӯз 2 декабри 2004(2004-12-02)[1] (21 сол)
Зодгоҳ Шаблон:МестоРождения, Виргиния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Корномаи варзишӣ 2019 — то ҳол
Мураббӣ Татяна Малинина
Роман Скорняков
Рафаэл Арутюнян
Қад 174 сантиметр[1]
Унвони варзишӣ Қаҳрамони олимпӣ (2026, мусобиқаи даставӣ)
Вебгоҳи расмӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Иля Малинин (англ. Ilia Malinin; тав. 2 декабри 2004, Фэрфакс) — яхмолакбози амрикоӣ, ки дар рақобати яккасаи мардон ҳунарнамоӣ мекунад. Қаҳрамони олимпӣ дар мусобиқаҳои даставӣ (2026), қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон (2024, 2025), барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон (2023).

Малинин аввалин яхмолакбоз дар таърих аст, ки дар мусобиқаҳо ҷаҳиши чоркаратаи акселиро бомуваффақият иҷро кардааст[2]. Ӯ инчунин аввалин ва ягона варзишгарест, ки аксели чоркаратаро дар барномаи кӯтоҳ иҷро кардааст[3].

Ҳамчунин, ӯ аввалин яхмолакбозест, ки ҳамаи ҷаҳишҳои чоркаратаро дар мусобиқа иҷро кардааст: Риттбергер, салхов, лутз, тулуп ва флип[4]. Ӯ рекорддори кунунии ҷаҳон дар бахши рақси рӯи яхи озод бо 238,24 хол мебошад[5].

То 1 феврали соли 2026 дар раддабандии Иттиҳодияи ҷаҳонии конкибозон мақоми аввалро ишғол мекар[6].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Илйа 2 декабри соли 2004 дар Фэрфакс, Виргиния дар оилаи яхмолакбозони рус Татяна Малинина ва Роман Скорняков ба дунё омадааст[7].

Бо Рафаэл Арутюнян тамрин мекунад, ки Нейтан Ченро ба пирӯзӣ дар Бозиҳои олимпии зимистонаи 2022 расонида буд[8].

Ба забонҳои англисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад[9].

Иля Малинин (англисӣ) дар сомонаи расмии Иттиҳодияи ҷаҳонии конкибозӣ