Илёси Ноӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Илёси Ноӣ
Илёси Ноӣ
Зодгоҳ ш. Ҳирот
Таърихи даргузашт 1543 Ҳирот
Пеша(ҳо) сароянда,навозанда

Илёси Ноӣ (с.тав. номаълум, с.ваф. тахмин 1543, Ҳирот), навозанда, сароянда, мусиқидони номӣ. Зодаи Ҳирот. Мусиқӣ (сознавозӣ, овозхонӣ), шеър ва дигар илмҳои замонаашро аз падараш (Муҳаммадхоҷаи Мусанниф), ки аз фозилони Ҳирот буд, омӯхтааст. Сипас такмили мусиқиро назди мусиқидонон Мавлоно Дарвеши Шайхии Қаландарӣ, Устод Ғулом Шодӣ, Устод Мӯмаи Дуторӣ, Исҳоқи Шиҳобӣ фаро гирифта, аз Атоуллоҳи Ҳусайнӣ асосҳои илми арӯзро (илми бадеъ) андӯхт. Дар найнавозӣ, таснифоти мусиқӣ барои ин соз аз аҳли ҳунар ҳампояаш набудааст. Барои сози най ва овоз дар шаклу анвои мусиқии «пешрав», «кор», «амал», «савт», «қавл», «сунбулӣ», «рехта» ва ғ. асарҳои рангомези созию овозӣ сохтааст. Масалан, дар шаклу навъи «Куллиёт», «Миаттайн», «Усул ба кор», «Савту-л-амал» дар мақомҳои «Наво», «Бусалик», «Рост», «Кучак», «Зангула» ва ғ. дар ҳаёти мусиқии Ҳирот, Самарқанду Бухоро шуҳрати зиёд кардаанд. Илёси Ноӣ дар ҳавзаҳои ҳунарии Ҳироту Бухоро бо номҳои ифтихории Устоди Нойӣ, Хоҷаи Нойӣ ва ғ. маълуму машҳур буд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Алишер Навоӣ, Маҷолису-н-нафоис, Теҳ-рон, 1324; Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р:468-111, ИВАН Уз.ССР; Муҳиту-т-таворих, Р:853 ИВАН Уз.ССР; Нузҳату-л-қулуб, Р:15306, ИВАН Уз. ССР; Эн-циклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 85 ISBN 978-99947-49-13-3