Jump to content

Илёси Танбӯрии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Илёси Танбӯрии Самарқандӣ
Илёси Танбӯрии Самарқандӣ
Таърихи таваллуд 1867(1867)
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 1915(1915)
Пеша(ҳо) сароянда, навозанда

Илёси Танбӯрии Самарқандӣ (форсӣ: الیاس طنبوری سمرقندی‎; 1867, Самарқанд — 1915, ҳамон ҷо) — мусиқидон, навозанда, хонанда ва шоири тоҷик, устоди «Шашмақом».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асосҳои назарӣ ва амалии мусиқиро дар Самарқанд омӯхта, ҳунари танбӯрнавозию сарояндагиро назди Раҳими Танбӯрӣ ва Мардонқули Танбӯрӣ такмил додааст. Баъдан барои такмили касб ва шиносоӣ бо доираҳои адабӣ ба Бухоро рафта, анъана ва сабки классикии санъати мақомхонӣ, бахусус танбӯрнавозиро аз Қорӣ Каромати Дилкаши Танбӯрӣ омӯхтааст. Ӯ дар иҷрои мақомҳо завқи баланд дошт ва анъанаҳои классикии мусиқидонони Бухороро дар Самарқанд ривоҷ додааст. Дар иҷрои қисмҳои мураккаби созии «Шашмақом», аз қабили «Савт», «Талқин», «Намуд», «Тарҷеъ», «Сақил», «Тасниф», «Мухаммас», «Пешрав», инчунин қисмҳои овозии мақомҳо — «Талқин», «Наср», «Қашқарча», «Муғулча», «Тарона» ва ороиши қисмҳои «Авҷи Турк» маҳорати баланд зоҳир кардааст. Илёси Танбӯрии Самарқандӣ дар навохтани танбӯр шуҳрат пайдо кард ва ба унвони «Илёси Нохунтило» мушарраф гардид. Дар охири умр ба Ҳоҷӣ Абдулазиз сабақ додааст.

Бо тахаллуси «Илёсӣ» ғазал, рубоӣ ва мухаммасҳо низ гуфтааст. Дар авзону усули мақомҳо асарҳои созию овозӣ тасниф кардааст, ки маъруфтаринашон «Дили осуда», «Дидаи гирён», «Савти бедилон» ва «Баёти дилангезон» мебошанд.