Илҳомуддин Иброҳимзода
Илҳомуддин Иброҳимзода | |
|---|---|
| Илҳомуддин Раҷабалӣ Иброҳимзода | |
| Таърихи таваллуд | 15 июни 1980 (46 сол) |
| Зодгоҳ | Тоҷикистон |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | иқтисод |
| Ҷойҳои кор | Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод (2019) |
| Унвонҳои илмӣ | профессор |
| Алма-матер | Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон (2002) |
Илҳомуддин Раҷабалӣ Иброҳимзода (зод. 15 июни 1980, Тоҷикистон) — иқтсиодшинос, доктори илмҳои иқтисод (2019), профессор, академики Академияи байналмилалии нақлиёти Федератсияи Русия. Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2026).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Илҳомуддин Иброҳимзода 15 июни соли 1980 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2002 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро бо ихтисоси «иқтисодчӣ-нозири андоз» хатм кардааст. Соли 2006 рисолаи номзадӣ ва соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя намудааст.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар солҳои гуногун ба ҳайси омӯзгор, мудири кафедра, проректор ва декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
- Аз 7 январ то 3 ноябри соли 2025 — директори Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон;[1]
- Аз 3 ноябри соли 2025 то 17 июли соли 2026 — ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон;[2]
- Аз 17 июли соли 2026 — муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.[3]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Илҳомуддин Иброҳимзода муаллифи зиёда аз 400 асар ва нашрияҳои илмӣ, аз ҷумла монографияҳо ва китобҳои дарсӣ мебошад. Пажӯҳишҳои ӯ бештар ба масоили иқтисодиёт ва рушди соҳибкорӣ нигаронида шудаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (барои олимони ҷавон);
- Медали «Барои хизматҳои шоиста».[4]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2025, № 2 «Дар бораи директори Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъин намудани Иброҳимзода И. Р.»(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (7 Январ 2025). 8 ноябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2025, № 502 «Дар бораи ректори Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии "Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон" таъин намудани Иброҳимзода И. Р.»(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (3 ноябри 2025). 8 ноябри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2026, № 470 «Дар бораи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Иброҳимзода И. Р.»(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (17 июли 2026). 17 июли 2026 санҷида шуд.
- ↑ www.rtsu.tj. Назначение нового ректора Российско-Таджикского (Славянского) университета(рус.). РТСУ (4 ноябри 2025). 8 ноябри 2025 санҷида шуд.