Илҳом Юлдошев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Илҳом Юлдошев
Таърихи таваллуд соли 1962
Зодгоҳ Шаҳри Истаравшан

Илҳом Юлдошев - Аз соли 2003 узви Конфедератсияи байналхалқии журналистон аст.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Илҳом Юлдошев соли 1962 дар деҳаи Қалъачаи Калони шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) таваллуд ёфтааст. Солҳои 1969 - 1979 дар мактаби миёнаи рақами 7 таҳсил намуда, баъди хатми он соли 1979 ба бахши рӯзонаи факултаи механика ва математикаи УДТ (ҳоло ДДМТ) дохил мешавад. Баъди ба итмом расонидани Университет, моҳи июли соли 1984 бо роҳхати Вазоратн маорифи Ҷумҳурии Тоҷпкнстон ба ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷ. Рӯми)-и вилояти Қӯргонтеппа (ҳоло Хатлон) ба кор меояд. Фаъолияти кориашро ҳамчун муаллими математика ва физика дар мактаби миёнаи рақами 51-и шаҳраки Гулистони ноҳияи Колхозобод оғоз намуд. Сипас, бо фармони шуъбаи маорифи комиҷроияи ин ноҳия соли 1985 ба мактаби рақами 10-и шаҳраки Колхозобод ба кор мегузарад. Соли 1987 аз округи интихоботии рақами 1-и шаҳраки Колхозобод депутати шӯрои ноҳия интихоб шудааст. Соли 1988 ба зодгоҳаш - Ӯротеппа баргашта, муаллими математикаи мактаби миёнаи рақами 36 ба номи А.С. Пушкин таъйин мешавад. Солҳои 1991-97 ҷонишини директор оид ба таълим ва 1997-2000-ум директори мактаби номбурда таъйин мегардад.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Вақтҳои фориғ аз кор ба эҷоди шеър ва навиштани мақолаву лавҳа машғул мешавад. Аз моҳи сентябри соли 2000-ум то ҳол вазифаи котиби масъули рузномаи «Паёми Истаравшан»-ро дар уҳда дорад. Аз соли 2003 узви Конфедератсияи байналхалқии журналистон аст. Чанд муддат аст, ки шеърҳояш дар матбуоти даврӣ чоп мешавад. Маҳсули қалами ӯро хонанда дар китобҳои дастаҷамъии «Дастагул», «Армуғони адибони Истаравшан» мутолиа намудааст.

Китоби зиндагӣ
Тори сафеди мӯят,
Ожангҳои рӯят,
Маънии гуфтугӯят,
Китоби зиндагӣ аст!
Ларзон ду дасти покат,
Дидаи намнокат,
Синаи чок-чокат,
Китоби зиндагӣ аст!
Асои такягоҳат,
Пурмаънӣ ҳар нигоҳат,
Тани надида роҳат,
Китоби зиндагй аст!
Ҳам қомати хамида,
Оби равони дида,
Ҷони ба лаб расида,
Китоби зиндагй аст!
Давлати шоҳона
Модарам, оғӯши гармат баҳри ман кошона аст,
Сар ба зонӯят гузорам, давлати шоҳона аст.
Ҳарфи некӯят бароям панду андарзи ҷаҳон,
Ҳар сухан, ҳар панди ту беҳтар зи сад дурдона аст.
Даст бикушову дуо бинмоӣ фарзандони хеш,
Ҳар дуои неки ту аз баҳри ман моҳона аст.
Оташи қалбат диҳад гармӣ ба дил, бар зиндагӣ,
Чашмаи меҳр, чашму рухсорат чароғи хона аст.
Қоматат дар зери бори зиндагӣ ҳамчун камон,
Дар бағал гӯё асои ту сутуни хона аст.
Нозам аз бахти баланду толеи фархундаам,
Дар барат бошам ба дил андӯҳу ғам бегона аст.
Модари ҷон то абад чун соябон бошӣ ба сар,
То абад васфат намоям суннату фарзона аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Баёзи адибони Истаравшан - Душанбе: "Эҷод", 2009.- 288 саҳ.