Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ил (тайёраҳо)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ил
русӣ: Авиационный комплекс имени С. В. Ильюшина
Навъ ширкат[d] ва ширкати тиҷорӣ
Таъсисёбӣ 13 январ 1933
Бунёнгузорон Илюшин Сергей Владимирович ва Government of the Soviet Union[d]
Макон
Бахш авиатсия ва aircraft industry[d]
Гардиш
  • 5,09 млрд ₽
Ширкати модарӣ United Aircraft Corporation[d]
Сайт ilyushin.org(рус.)(англ.)

«Ил» — силсилаи тайёраҳо, ки Маҷмааи авиатсионии ба номи С. В. Илюшин истеҳсол кардааст. Дар таърихи фаъолият зиёда аз 100 намуд дастгоҳи парвозкунандаро ихтироъ карда, сохтааст.

Бо нахустин тайёраи «Ил» – бомбаандози ЦКБ-26 В. Коккинаки аввалин рекорди авиатсионии ҷаҳонии шӯравиро (ҷиҳати баландии борбардорӣ) гузошт. «Ил» вобаста ба таъйинот се навъ буд: мусофирбар (Ил-12, Ил-14, Ил-18, Ил-62, Ил-86, Ил-96-300, Ил-114, Ил-114-100, Ил-103), нақлиётии боркаш (Ил-12Д, Ил-14Т, Ил-76 ва навъҳои тағйирдодаи он – Ил-114Т, Ил-96Т) ва ҳарбӣ (ҳамлавар – Ил-2, Ил-10, Ил-102; бомбаандози Ил-4 и Ил-28; зидди киштӣ: Ил-38 ва ғ). Нусхаи лоиҳаи «Ил»-ро С. В. Илюшин дар Бюрои конструктории ба номи Илюшин тасдиқ кардааст. Солҳои 1958–59 бо «Ил» оид ба дурии масофа ва баландии парвоз бо бори муфиди гуногун 20 рекорди ҷаҳонӣ нишон дода шуд. Тайёраи мусофирбари «Ил» вобаста ба камхарҷӣ, бароҳатӣ ва бехатарии парвоз таваҷҷуҳи бозори ҷаҳониро ба худ ҷалб кард ва чандин ширкати хориҷӣ тайёраи тамғаи мазкурро харидорӣ намуданд. «Ил» нахустин тайёраи мусофирбари аҳди шӯравӣ буда, дар натиҷаи тадриҷан васеъ гардидани доираи талабот ба ин навъи тайёра барои 17 ширкати хориҷӣ беш аз 100 тайёра сохта шуд. Ҳоло дар Маҷмааи зикршуда навъҳои нави «Ил» тарроҳӣ ва сохта мешаванд.