Имажизм
| {{{ном}}} |
Имажизм (англ. image , аз фаронс. imagiste, аз лот. imago – сувар, образ, намуд, зоҳир), мактаби навҷӯӣ – модернистӣ (нигар Модернизм) дар шеъри англисӣ ва амрикоии солҳои 1910–1920.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Истилоҳи «имажист» (пайрави имажизм)-ро соли 1912 шоири амрикоӣ Э. Паунд (1885–1972), ки солҳои 1908–20 дар Лондон зиндагӣ мекард, барои тавсифи назариёти шоир ва зебоишиноси англис Т. Э. Ҳюм оид ба класситсизми нав (нигар Класситсизм, Неокласситсизм) истифода бурдааст. Т. Э. Ҳюм дар пайравӣ аз шоири фаронсавӣ С. Малларме (1842–98) шеър, равишҳои фарҳангӣ, тақлидгароӣ, зебоишиносии дурӯғини романтизмро ба сабаби ҳиссиётӣ буданаш, сувари хаёли хира доштанаш, норасоиҳои услубиаш рад мекард. Паунд назариёти имажизмро дар баённома (манифест)-и «Якчанд раддия» (пайрави имажизм; 1913) иброз доштааст. Мутобиқ ба талаботи ҷараёни имажизм шоирҳои амрикоӣ Э. Лоуэлл, Х. Дулитл, шоирон У. К. Уилямс, Ҷ. Г. Флетчер ва шоирони англис Ф. М. Форд, Д. Г. Лоуренс, Р. Олдингтон асарҳо меофариданд. Ашъори пайравони имажизм – Ф. С. Флинт, Ф. М. Форд, Р. Олдингтон, Х. Дулитл, Ҷ. Г. Флетчер ва дигаронро якҷо бо шеърҳои худ ва тарҷумаҳояш аз забони хитойии бостон Паунд ба маҷмӯаи (антология)-и «Пайравони имажизм» (1914) дохил кард. Дар маҷмӯаи «Баъзе шоирони пайрави имажизм» (мураттиб Лоуэлл, 1915, 1916, 1917) инқирози ҷараёни имажизм ва ба буҳрон дучор шуданаш ба назар мерасанд. Ҳатто Паунд ашъори дар ин маҷмӯа ҷойдодаро танқид кардааст.
Хусусиятҳои имажизм
[вироиш | вироиши манбаъ]Хусусиятҳои умдаи назми пайравони имажизм ифодаи хеле маҳдуди ҳиссиёт дар ашъори ғиноӣ (лирикӣ), муҷазбаёнии дар умқ пурмаъно, истифода аз шаклҳои шеъри гузашта (вилланел, хайку ва ғайра) буданд.
Таъсир ва густариш
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Руссия назариёти ба имажизм монандро дар акмеизм ва имажинизм метавон дид. Дар адабиёти форс-тоҷик (даврони нав) вижагии имажизм дар «шеъри сафед» («шеъри озод») зоҳир мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Имажизм // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.