Имангали Тасмагамбетов
Имангали Тасмагамбетов | |
|---|---|
| қаз.: Иманғали Нұрғалиұлы Тасмағамбетов | |
| | |
|
| |
| 22 январ 2002 — 11 июн 2003 | |
| Пешгузашта | Қосим-Ҷомарт Тоқаев |
| Ҷонишин | Даниал Кенҷетайевич Ахметов |
| 7 феврал 2017 — 18 декабр 2019 | |
| Пешгузашта | Marat Täjin[d] |
| Ҷонишин | Ermek Köşerbaev[d] |
| 4 апрел 2008 — 22 октябр 2014 | |
| Пешгузашта | Асқар Мамин |
| Ҷонишин | Ädılbek Jaqsybekov[d] |
| 22 октябр 2014 — 13 сентябр 2016 | |
| Пешгузашта | Серик Ахметов |
| Ҷонишин | Saken Zhasuzakov[d] |
| 13 июн 2003 — 9 март 2004 | |
| Пешгузашта | Қосим-Ҷомарт Тоқаев |
| Ҷонишин | Оралбай Абдукаримов |
| 10 март 2004 — 7 декабр 2004 | |
| Пешгузашта | Нуртай Абикаев |
| Ҷонишин | Ädılbek Jaqsybekov[d] |
|
|
|
| Таваллуд |
9 декабр 1956 (69 сол) |
| Ҳизб | |
| Таҳсилот | |
| Дараҷаи илмӣ | доктори илмҳои сиёсӣ[d] ва номзади илмҳои фалсафа[d] |
| Фаъолият | диплумот |
| Ҷоизаҳо | |
Имангали Нургалиевич Тасмагамбетов ( қаз.: Иманғали Нұрғалиұлы Тасмағамбетов ; тав. 9 декабри соли 1956 ) — сиёсатмадори қазоқ, Сарвазири кишвар аз январи соли 2002 то июни соли 2003 .
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1979 факултети табиатшиносӣ ва ҷуғррофияи Донишгоҳи давлатии Қазоқистони Ғарбӣ ба номи М. Утемисов соҳиби касби муаллими ҷуғрофия ва биология гардид. Соли 1990 унвони номзади илмҳои фалсафа ва соли 1997 рисолаи докториро дифоъ намуда, унвони доктори илмҳои сиёсатро ба даст овард.
Соли 1973 дар мактаби варзишии кӯдакону наврасони деҳаи Маҳамбети Вилояти Атирау мураббӣ ва аз соли 1979 дар мактаби миёнаи ба номи Маҳамбет муаллими ҷуғрофия ва биология шуда кор кардааст.
Ҳанӯз дар мактаб кор карданаш ба фаъолияти ҳизбии худ шурӯъ карда, соли 1989 ба вазифаи Котиби якуми КМ ЛКСМ Қазоқистон ва соли 1991 роҳбарии Кумитаи давлатии кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Қазоқистон расид.
Аз соли 1993 то соли 1995 дар вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон кор кардааст . Солҳои 1995-1997 — Муовини сарвазири Қазоқистон, баъд аз он ба таври илова ба Вазорати маориф ва фарҳанги кишвар роҳбарӣ мекард. Аз соли 1997 то соли 1998 дар вазифаи муовини роҳбари дастгоҳи Президенти Қазоқистон — мудири шуъбаи ташкилӣ ва назорат буд. Солҳои 1998-1999 ёрдамчии аввалини Президенти Қазоқистон буд.
Аз соли 1999 — акими вилояти Атирау .
Моҳи декабри соли 2000 боз ба мақоми муовини Сарвазир ва дар авоили соли 2002 худи ӯ раҳбарии ҳукумати кишварро ба ӯҳда гирифт. Аз соли 2003 дар вазифаи Котиби давлатии Қазоқистон кор мекунад. Дар соли 2004 роҳбарии Дастгоҳи президентро бар ӯҳда дошт.
Аз декабри соли 2004 то апрели 2008 — Акими шаҳри Олматӣ . Пас аз он, то октябри соли 2014 — Акими Остона .
22 октябри соли 2014 Вазири дифои Қазоқистон таъин шуд . 13 сентябри соли 2016 боз муовини Сарвазири кишвар таъин шуд [1] .
3 феврали соли 2017 сафири Қазоқистон дар Русия шуд .
Тасмагамбетов муаллифи бисёр асарҳои илмӣ оид ба масъалаҳои хукукӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошад.
Манбаъ
[вироиш | вироиши манбаъ]| Ин мақола тарҷумаи матни мақолаи Тасмагамбетов Імангалі Нургалійович-ро дорад, ки ҷузъи Википедиаи украинӣ аст.. Рӯйхати муаллифон дар саҳифаи таърихи мақолаи асосӣ мебошад. |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Указ Президента Республіки Казахстан від 13 вересня 2016 року № 323. 19 вересня 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 січня 2018.
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони 9 декабр
- Зодагони соли 1956
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Зодагони Қазоқистон
- Дорандагони ордени Дӯстӣ (Русия)
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Сарвазири Қазоқистон