Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Имбеф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Имбеф
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Суғд
Ноҳия ноҳияи Кӯҳистони Масчо
Ҷамоат Деҳоти Иван-Тоҷик
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 301 нафар (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3479
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Имбефдеҳа дар ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Масчо. Аз Имбеф то маркази ҷамоат 30 км, то маркази ноҳия 38 км. Аҳолиаш 313 нафар (2018).

Аҳолии деҳа солҳои 50 асри 20 бо мақсади обод кардани дашти Дилварзин ба н. Мастчоҳ муҳоҷир карда шуданд ва деҳа камодам монда буд. Солҳои 1960–70 як қисми аҳолӣ бо мақсади рушди чорводорӣ ба деҳа баргаштанд.

Деҳа масҷиди панҷвақта, нуқтаи савдои хусусӣ ва муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ронҷ идома медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва картошкапарварӣ. Дар ҳудуди деҳа 19 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Заминҳо аз чашмасорони доманкӯҳҳо ва дарёчаи Исхайрӯд обёрӣ мешаванд. [1]

Шахсиятҳои шинохта

[вироиш | вироиши манбаъ]

Номзади илмҳои филологӣ Шодӣ Шокирзода дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст[1]

  1. 1 2 Имбеф // Илм — Исҳоқ. Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). ISBN 978-99947-33-98-9.