Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иммунизатсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Иммунизатсия — (аз лот. immunis – озод, раҳоёфта аз чизе), моякӯбӣ, усули бо роҳи сунъӣ ба вуҷуд овардани масуният дар одам ва ҳайвон.

Наъҳои иммунизатсия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Иммунизатсия фаъол ва ғайрифаъол мешавад.Дар аснои иммунизатсияи фаъол ба андомгон подгун равон мекунанд. Шакли нисбатан маъмули он моякӯбӣ (ваксинатсия) мебошад. иммунизатсияи фаъол бо истифода аз моядоруҳое, ки аз резандомгон (микроорганизм)-ҳо, масалан, бактерияҳо, риккетсияҳо, вирусҳо ё маҳсули фаъолияти онҳо (заҳробаҳое, ки барои пешгирии бемориҳои сироятии одам ва ҳайвонот муҳимманд) гирифта мешаванд, сурат мегирад. Ҳангоми иммунизатсияи фаъол моя (масалан, ваксинаҳо) ба пӯст ва қабату зери он, мушак, варид, сифоқ, ҳамчунин, ба даҳону роҳи нафас (бо усули инҳалятсия) фиристода мешавад. Иммунизатсияи такрориро баъди 1–2 ҳафтаи иммунизатсияи аввал анҷом медиҳанд, чунки дар натиҷаи барзиёдии подгун подтан ва ҳуҷайраҳои подтанзо мумкин аст бефаъолият шаванд. Баъди чанд моҳ ё сол такрор кардани иммунизатсия самараи бештар меорад.

Дар мавриди иммунизатсияи ғайрифаъол зардоб ё ҷузвҳои зардоби хуни масунии ҳайвонот ва одамон ба зери пӯст, мушак, гоҳе дар мавриди зарурат ба варид равон карда мешаванд. Дар таркиби чунин мояҳо подҷисми тайёр мавҷуд аст, ки заҳробаро бефаъолият ва ангезандаи бемориро маҳв карда, садди роҳи густариши он мешавад. иммунизатсияи ғайрифаъол масунияти кӯтоҳмуддат (то 1 моҳ) ба вуҷуд меорад. Онро бештар дар ҳолатҳои тамос бо манбаи бемориҳои сироятӣ ва ҷилавгирӣ аз онҳо (масалан, сурхакон, хуноқ, кузоз, окилаи газӣ, тоун, сӯхтанӣ, грипп ва ғайра) истифода мебаранд. Гоҳе ба иммунизатсияи муштарак низ рӯ меоранд: аввал зардоби масун, ки ангезандаи бемориро маҳв мекунад, сипас ваксина, ки масунияти устувор ҳосил менамояд, ба кор бурда мешавад. Барои пешгирии зардоби (серопрофилактика)-и бемориҳои сироятии одам зардобҳои ҳамонанд (ҳомологӣ), ки аз хуни худи одамон гирифта мешаванд, аҳаммияти бештар доранд. Ин гуна мояҳо, маъмулан, боиси пайдоиши гармбод (аллергия) намешаванд ва барои пешгирии бемориҳои сироятие, ки бар зидди онҳо аз ҳайвонот гирифтани зардоб ғайриимкон аст, босамар мебошанд. Зардобҳои ҳетерологӣ, ки аз хуни ҳайвонот (бештар асп) гирифта мешаванд, мумкин аст муҷиби афзоиши ҳассосият ва пайдоиши вокуниши гармбодӣ (масалан, шоки анафилаксӣ) шаванд. Ҳоло истифодаи зардобҳои ҳетерологӣ коҳиш ёфтааст. Ҷои онро тадриҷан усули пешгирии зардобӣ (серопрофилактика) тавассути ҷузвҳои сафедави (гамма-глобулин, полиглобулин ва ғайра)-и хуни варид, ҳамроҳак ва афгонаи одам ишғол мекунад.

Иммунизатсия дар байторӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Иммунизатсия дар амалияи байторӣ бо мақсади пешгирӣ аз касалиҳои хавфноки чорво (тоун, оқсил, ҳидроперикардит, сӯхтанӣ, брутселлёз ва ғайра) истифода мешавад. Онро аз рӯи тартиб бо дар назар доштани шароити маҳал ва хусусиятҳои касалӣ амалӣ мекунанд.