Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иммуноглобулин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бахше аз силсилаи мақолаҳо дар бораи
microscopic view of E. Coli a Thompson's Gazelle in profile facing right
a Goliath beetle facing up with white stripes on carapace A tree fern unrolling a new frond

Портали Зистшиносӣ

Иммуноглобулин (Ig), сафедаи курашакли ҳайвоноти муҳрадор (ибтидо аз моҳиҳои тағоякдор) ва одам, ки фаъолияти подтанро дорад, яъне, ба подгун таъсири хосса мерасонад.

Иммуноглобулин дар шакли озод дар хун ва обияти дигари ҷисм ё дар шакли даррок (ретсептор)-ҳо дар сатҳи мембранаи ҳуҷайраҳо мавҷуд аст. Ҳар фард дорои ҳуҷайраҳои гуногуни иммуноглобулин буда, онҳо тавассути ҳуҷайраҳои плазмавӣ синтез мешаванд. Тафриқаи ҳуҷайраҳо бино бар таъсири мутақобилаи В-лимфотситҳои силсилаи масуният бо подгунҳо бо иштироки баъзе медиаторҳо (масалан, интерлейкинҳо) сурат мегирад. Хусусияти беназири иммуноглобулинҳо ва шабоҳати зиёди онҳо бо подгуни «худӣ» аз тариқи комплемент будани маркази фаъоли иммуноглобулин нисбат ба қитъаи молекулаи подгун (эпитоп) фароҳам меояд. Ҳамзамон, иммуноглобулин метавонад бо ретсептори лейкотситҳо (Fc-ретсепторҳо) ё сафедаҳои силсилаи комплемент пайваст шавад. Дар натиҷаи он занҷири вокунишҳои пайиҳами силсилаи масунияти андомгон ба ҳаракат даромада, унсури ғайрро дур мекунад (вазифаи муҳофизатии иммуноглобулин дар ҳамин аст).

Синфҳои Иммуноглубинҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар одам 5 синфи иммуноглобулин маълум аст: IgM, IgD, IgG, IgE ва IgA. Ҳам дар мавриди тафриқаи В-лимфотситҳо ва ҳам дар раванди посухи аввалияи масунӣ аввал IgM синтез мешаванд. Онҳо комплементро бомуваффақият пайваст намуда, дар сатҳи В-лимфотситҳои болиғ ҳамчун ретсепторҳои асосии подгунҳо (дар шакли мономерҳо) амал мекунанд. Дар зардоби хун дар шакли пентамер (5 мономери бо J-бандҳо пайвастшударо дар бар мегиранд) вуҷуд доранд. Дар зардоби хуни одамони солим нишонаҳои IgD дида мешаванд. Онҳо дар сатҳи В-лимфотситҳо вазифаи ретсепторҳои мембранавиро иҷро мекунанд. IgG дар зардоби хуни ширхорҳо (зиёда аз 75 дарсади миқдори умумии иммуноглобулин) бисёр буда, асоси посухи дуввумини масунияти (ҳангоми бархӯрди дубора бо ҳамон подгун ба амал меоянд)-ро ташкил медиҳанд. Онҳо қобилияти аз ҳамроҳак убур кардан ва таъмин намудани масунияти ҷанинро доранд. IgG ба 4 зерсинф – IgG1, IgG2, IgG3 ва IgG4 тақсим мешавад, миқдори ҳар кадоми онҳо бо тартиби мазкур дар зардоби хун коҳиш меёбад. Аксари зерсинфҳо (IgG1, IgG2, IgG3) комплементро фаъол месозанд. Ҳамаи зерсинфҳо бо Fc-ретсепторҳои лейкотситҳои дорои ҳастаи полиморфӣ, вале IgG1 ва IgG2 ҳамчунин, бо Fc-ретсепторҳои моноситҳо пайваст мешаванд. IgЕ бо Fc-ретсепторҳои ҳуҷайраҳои захим ва базофилҳо таъсири мутақобила дорад. IgА луобпардаҳоро ҳифз карда, масуниятро аз модар ба навзод интиқол медиҳад. Онҳо ба ду зерсинф – IgА1 ва IgА2 тақсим мешаванд. IgА1 бештар дар зардоби хун, IgА2 дар оби даҳон, шираи меъда, фала ва луобпардаи бинӣ мавҷуд аст.

Сохтори молекулаи иммуноглобулинҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Иммуноглобулини синфҳои гуногун хусусиятҳои сохторӣ ва вазифавӣ доранд, вале бо вуҷуди ин, табиати умумии молекулаҳо дар ҳамаи иммуноглобулинҳо маҳфуз мемонад. Дар бисёр намудҳои таҳқиқшудаи мавҷудот молекулаи мономерии иммуноглобулин аз 4 силсилаи полипептидӣ сохта шудааст: ду силсилаи вазнин (Н) ва ду силсилаи сабук (L)-и ҳамонанд. Дар ин маврид иммуноглобулини оилаи шутурҳо ва баъзе намуди наҳангҳо истисно мебошад, зеро қисми зиёди иммуноглобулинҳо танҳо ду силсилаи вазнин доранд. Молекулаҳои иммуноглобулин мутаносиб буда, аз гликопротеинҳои сохтори домениашон маълум таркиб ёфтаанд. Доменҳое, ки тақр. 110 боқимондаи аминоасид доранд, аз рӯи сохтори аввалия ҳамонанд ва аз тартиби хосси силсила иборат мебошанд. Ҳамаи 4 силсила бо бандҳои дисулфидӣ, ки дар дохили доменҳо низ вуҷуд доранд, алоқаманд буда, сохтори қитъаҳои ҷудогонаи глобулавиро устувор мекунанд. Доменҳои N-интиҳоӣ дар иммуноглобулинҳо тафовути ҷиддӣ дошта, доменҳои тағйирпазир (V) ном гирифтаанд; VH ва VL – мувофиқан доменҳои тағйирпазири силсилаҳои вазнин ва сабук мебошанд. Онҳо маркази пайвастгари подгун (Fab ё Fv)-ро ба вуҷуд меоранд. Ба ҳар як молекулаи мономерии иммуноглобулин дуто чунин марказ рост меояд. Қисми С-интиҳоии ҳар полипептид дар доираи синф кам тағйир меёбад ва мавзеи констант (С) номида мешавад. Он дар силсилаи сабук як СL-домен ва дар силсилаи вазнин се ё чор (вобаста ба синф) СH-домен дорад. Тағйирпазирии боқимондаҳои аминоасид дар дохили V-доменҳо дар маҳалҳои зиёд тағйирёбандаи кӯтоҳ (CDR1–CDR3), ки ба қитъаҳои қолибӣ ҷудо шудаанд (онҳо тақр. 80 дарсади V-доменро дар бар мегиранд), нисбатан зиёд аст. Қитъаҳои қолибӣ сохтори ҳамсони себуъдаи V-доменҳоро маҳфуз медоранд, ки ин барои тамоси қитъаҳои зиёд тағйирёбанда бо подгунҳо зарур аст.

Силсилаҳои вазнин 5 навъ (µ, δ, γ, α ва ε) буда, 450–600 боқимондаи аминоасидҳоро дар бар мегиранд. Силсилаҳои сабук ду гуна (χ ва λ) доранд, ки 230 боқимондаи аминоасидҳоро муттаҳид мекунанд. Силсилаҳои сабуки χ ва λ метавонанд бо ҳама гунаи силсилаҳои вазнини иммуноглобулин пайваст шаванд.

Генҳои Иммуноглобулинҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гуногунии иммуноглобулинҳо ба сохти генҳо ва тағйирёбии гурӯҳбандии ДНК-и онҳо вобаста аст. Дар геномҳои одам ва муш се локуси мустақили генҳои иммуноглобулин – χ, λ ва Н мавҷуданд. Ҳар яки онҳо маҷмӯи генҳоеро дар бар мегиранд, ки доменҳои тағйирпазир ва генҳои алоҳидаи мавзеъҳои собитро рамзгузорӣ мекунанд, ҳол он ки ин гурӯҳи генҳо аз якдигар дар масофаи дур ҷойгиранд. Силсилаҳои вазнин ва сабук дар натиҷаи мувофиқати такрори (рекомбинатсия)-и яке аз генҳои тағйирпазир (V) бо гени рамзгузори қитъаи собит (С) ташаккул меёбанд. Пешорӯи ҳар ген қитъаи АДН (асиди дезоксирибонуклеат) ҷойгир аст, ки пептиди фаъол (L)˗ро рамзгузорӣ мекунад. Байни V˗ ва С˗генҳо пайдарҳами (D˗сегмент ва J˗сегмет)-е мавҷуд аст, ки ба ҷузвҳои хурди силсилаи полипептидии мавзеъҳои тағйирпазир рамз мегузорад.

Гуногунии иммуноглобулин сабабҳои зиёд дорад, масалан, мавҷудияти адади беҳадди мавзеъҳои тағйирпазири V˗генҳо дар ҳар Н˗, χ˗ ва λ˗локусҳо; мувофиқати такрории байни V˗генҳо, D˗ ва J˗сегментҳо, ки порчаҳои доменҳои тағйирпазирро рамзгузорӣ мекунанд; мувофиқат байни силсилаҳои сабук ва вазнин ва ғ.

Ҳангоми расидани В˗лимфотситҳо гурӯҳбандии АДН тағйир ёфта, мӯҷиби интиқоли яке аз V˗генҳо ба яке аз J˗сегментҳо мешавад. Дар натиҷаи чунин V(D)J˗мувофиқати такрорӣ қисмҳои тағйирёбанда ва собит, инчунин, унсурҳои танзими транскрипсия (промотор ва энхансерҳо) ба ҳам наздик мешаванд.

Дар раванди рушди ҳуҷайраҳои силсилаи масуният мумкин аст синфи иммуноглобулини синтезшаванда тағйир ёбад. Сабаби он раванди генетикиест, ки гурӯҳбандии нави АДН˗ро дар бар мегирад ва «иваз кардани изотип» номгузорӣ шудааст. Ҳангоми он дар гени болиғ силсилаи вазнини як СН ˗ген бо силсилаи вазнини СН -гени дигар иваз мешавад. Ин раванд ба VH˗генҳо ва генҳои силсилаи сабук дахл намекунад. Ҳамин тавр, хосияти иммуноглобулинҳое, ки ин ҳуҷайра ҳосил мекунад, бетағйир мемонад.

Истифодаи Иммуноглобулинҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1975 усули ба даст овардани хатти ҳуҷайравӣ (ҳибридомаҳо), ки популятсияи ҳомогении подтанҳои моноклониро ҳосил мекунад, дарёфт карда шуд. Он дар ташхиси бемориҳо ва биотехнология фаровон истифода мешавад, аммо истифодаи он дар муолиҷа маҳдуд аст, зеро бо роҳи технологияи гибридомавӣ танҳо молекулаи иммуноглобулини мушҳо ба даст меояд, ки онро масунияти одам қабул намекунад. Мақсади равияи нав дар иммунология – «муҳандисии подтанҳо» дар асоси генҳои иммуноглобулин сохтани унсурҳои ғайритабиӣ бо хосиятҳои зарурии қаблан барномарезишуда аст. Феълан чанд намунаи чунин подтанҳо ба даст омадаанд. Дар подтанҳои хориқазот қисмҳои бо подгун тамосдоштаи доменҳо (CDR)˗и тағйирёбанда аз иммуноглобулини мушҳо, қисмҳои дигар, ҳамчунин қисмҳои қолибии V˗доменҳо аз иммуноглобулини одам гирифта шудаанд; неруи масуниятзоии онҳо заиф буда, қодиранд бо силсилаи масунияти одам ҳамамал гарданд.