Иммунотерапия
Намуди зоҳирӣ
Иммунотерапия — (аз иммунитет ва терапия), бахше аз иммунологияи амалӣ, ки вазифаи он муолиҷаи бемориҳои сироятӣ бо истифода аз доруҳои иммунологӣ (ваксинаҳо, зардобҳои масунӣ, гамма-глобулинҳо ва ғайра) мебошад.
Зардобу гамма-глобулинҳоро барои муолиҷаи бемориҳои шадид, аз қабили гулӯзиндонак, кузоз, ботулизм, сарсом ва амсоли онҳо истифода мебаранд. Иммунотерапия бо истифода аз антибиотикҳо ва кимиёдармонӣ амалӣ карда мешавад. Иммунотерапия аз усулҳои беҳтарини муолиҷаи гармбод (нигар Аллергия) аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иммунотерапия // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.