Имоми Аъзам Абу Ҳанифа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Масҷиди Абу Ҳанифа, ш. Бағдод

Абу Ҳанифа ал-Нӯъмон ибни Собит ал-Куфӣ (арабӣ: ابو حنيفة النعمان بن ثابت بن زوطا ابو حنيفة النعمان بن ثابت بن زوطا; 5 сентябрӣ соли 699, Куфа — 18 июни соли 767, Бағдод) — олими исломшинос, фақеҳ ва муҳаддис, муассис ва эпоними яке аз чор мактабҳои исломӣ-ҳуқуқии мазҳаби ҳанафӣ (ҳанафия) [1].

Имоми Аъзам Абу Ҳанифа (арабӣ: الامام الاعظم) "Имоми Бузург" Нӯъмон бин Сабит Зута бин Моҳан (арабӣ: النعمان بن ثابت‎), машҳур бо номи Абу Ҳанифа, (арабӣ: أبو حنيفة‎) (699 — 767)/ 80 — 148 асосгузори мазҳаби Ҳанафӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Дар шаҳри Куфа дар оилаи тоҷири бодавлати абрешими эронӣ (аз эронониёни мавалӣ) таваллуд шудааст,[2] ва эҳтимол, ягона писари волидайн буд[3]. Бобояш исломро дар даврони халифа Умар ибни ал-Хаттоб қабул кардааст[4]. Абу Ханифа маорифи умумӣ ва иллоҳиро дар Куфа гирифтаааст. Дар байни  муаллимону мударрисонаш саҳобагони паембар Муҳаммад низ буданд. Вақте Абу Ханифа 22 сола буд, ӯ  шогирди олими ироқӣ Ҳаммада ибни Абу Сулаймон гардид  дар маҳфили ӯ 18 сол то ба марги устодаш таҳсил намудааст ва сипас худи ӯ  ин маҳфилро дар давоми даҳ сол роҳбарӣ кардааст, ва ба ин васила ҳамчун фақеҳи боэтибори Куфа ва Басра номдор шудааст[2].

Дар 16 солагӣ Абу Ҳанифа имоми Аъзам якҷоя бо падар ба зиёрат, ҳаҷ ва ба зиёрати оромгоҳи паёмбар Муҳаммад с.а.в. ба Мадина рафтааст[5]. Дар он ҷо ӯ, Абдулло ибни ал-Ҳариса (яке аз саҳобагони паёмбар)-ро дид ва аз он суханони паембар Муҳаммадро (с.а.в.) шунид,  [5].

Дар солҳои 747-748 барои раҳо ёфтан аз қасди Ибни Хубайра ҳокими Ироқ, ки ӯро ба хизмати давлатӣ даъват мекард, ба Макка  баргузид, . Баъди тасдиқи қудрати халифаҳои Аббосӣ  ба Ироқ баргашта, бо тиҷират ва олимӣ машғул шудааст. Халиф ал-Мансур ба Абу Ханифа мансаби наверо дар пойтахт — Бағдод пешниҳод кардааст,   вале Абу Ҳанифа онро низ рад кардааст[2]. Дар ин маврид ҷавоби рад  Мансурро ба ғазаб овардааст ва Абу Ҳанифа  ба зиндон махкам карда шуд, ки дар он соли 767 вафот кардааст.   [6][7].

Дар соли 1066 пайравонаш дар қабри Абу Ҳанифа мақбарае сохтанд  ва он то кунун зиёратгоҳи бонуфузи мусулмонони мазҳаби ҳанфӣ  ба шумор меравад[8].

Баъд аз  гузашти бисер сол баъд аз марги ӯ дар работи ш. Бағдод   Масҷиди Абу Ҳанифа сохта шуда буд. Қабри Абу Ҳанифа соли 1508 бо фармони шоҳаншоҳ Исмоили Сафавӣ несту нобуд шуда буд, [9] ва соли 1533  баъди бозгашти Ироқ ба имперотурии Усманӣ барқарор шудааст[10].

Абу Ҳанифа — яке аз аввалин намояндагони доираҳои  тиҷоративу ҳунармандии шаҳрӣ аст, ки манфиатҳои онҳоро,  дар шакли таълимоти динӣ-ҳуқуқӣ  таҷассум намудааст.[2].

Васиятҳои Имоми Аъзам[вироиш]

1. Шахсеро, ки илм ва дониш ӯро аз муҳаррамоти (он чизҳое, ки шариъат онро ҳаром ҳукм кардааст) Худовандӣ боз надорад ва аз гуноҳон дур накунад, аз ҷумлаи хосирон аст.

2. Ҳангоме, ки ҳадиси саҳеҳ бошад, пас он мазҳаби ман аст.

3. Ҳар касе, ки далили манро намедонад бар ӯ ҳаром аст, ки ба раъйи ман фатво диҳад.

4. Ҳар касе, ки илмро ба хотири дунё меомӯзад, аз баракоти илм маҳрум мешавад ва ҳар касе, ки илмро ба хотири Худо меомӯзад, дар илмаш баракат дода мешавад. Ва дар қалбаш чой мегирад ва афроди зиёде аз он истифода хоҳанд кард.

5. Ҳар кас, ки мехоҳад аз одоби охират наҷот ёбад аз сахтиҳои дунё набояд битарсад.

6. Инсон бояд ҳамеша нафсашро муҳофизат кунад ва дурӯғ нагӯяд.

7. Ҳеҷ гоҳ дар корҳоятон чи дунёӣ бошад ва ё ғайри дунёӣ бепарво мебошед, зеро Худованд аз ҳама чиз аз шумо хоҳад пурсид.

8. Бар тиловати Қуръон мудовамат намоед.

9. Маргро пайваста ба ёд биёр ва барои устодон ва касоне, ки аз онҳо илм омӯхтай талаби омурзиш кун.

10. Қабристонҳо ва маконҳои муқаддасро зиёрат кун ва ба мулоқоти уламо ва машоих бештар бирав.

11. Агар касе аз ту машварат хост, ба ӯ машварат бидеҳ. (албатта дар корҳои нек).

12. Аз бухл бипарҳез, ки инсонро расво мекунад.

13. Ҳиммати баланд дошта бош, чун касе, ки ҳимматаш заиф (суст) бошад, қадру манзалаташ кам мегардад.

14. Нисбати риш беаҳамият мабош ва муйлабҳоятро матарош.

15. Зикри Худоро бештар кун ва дуруду салом ба Пайғамбар (с) бештар бифирист.

16.Бар он чизе, ки Худованд (ч) аз моли дунё ва мартаба ба ту иноят карда аст, қаноат кун.

17. Ҳамеша бо мардум сухани нек бигӯ, дӯст ва муҳаббати хуб пеша кун ва бо бадон мадоро дошта бош.

18. Аз хандидани бисёр бипарҳез, ки дилро мемиронад. Ва дар корҳоят саросема мабош.

19. Бо шогирдонат чунон мушфиқона рафтор кун, ки гӯё ҳар яке аз онҳоро фарзандони худат медонй зеро ин кор рағбат ва алоқаи онҳоро ба илм бештар хоҳад кард.

20. Пайваста тақво пеша кун ва амонатро ба соҳибаш баргардон.

21. Барои ҳамаи мардум хоссу ом хайрхоҳ бош, мардумро ҳақир машумор ва бо онҳо ҳатман эҳтиром бигузор, ва он чизе, ки дар даст дорй, бо ҳусни тадбир масраф кун то аз мардум бениёз бошй.

22. Дар бозор ва масҷид чизе махур, магар шахсе, ки муътакиф ё мусофир.

23. Роҳе, ки меравй ба ин тарафу он тараф бештар нигоҳ макун.

24. Ба бозор бисёр марав.

25. Он чиро, ки ба донистан ва омухтани он эҳтиёҷ дорй, худро дар ҷаҳлу нодонй нагузор ва ҳарчй зудтар онро биёмӯз.

26. Бо ҳамсояат хушрафторй намо ва бар озор ва азияти он сабр кун.

27. Дар тамоми корҳо нияти худро холис гардон ва дар ҳар сурат кушиш кун, ки ҳалол бихурй ва ҳалол бипӯшй.

28. Агар шахси омӣ ва бозор бо ту мубоҳиса ва мунозира кард, бо вай мубоҳиса макун, ки обрӯи туро мебарад.

29. Кушиш кун, ки дар ибодат аз дигарон пешқадам бошӣ.

30. Ҳар гоҳе, ки ҳарф мезанӣ, ҷеғ мазан ва садоятро баланд макун.

31. Дар пеши мардум бештар ба зикри Худо машғул бош, то, ки дигарон аз ту биёмӯзанд.

32. Бо ҳавопарастон нишаст ва бархост макун, магар ин, ки хоста бошӣ, ки онҳоро ба суи дин ва роҳи рост даъват кунӣ.

33. Аз лаънат фиристодан ва дашном додан парҳез кун ва ҳамеша сухани рост бигӯй.

34. Ҳамин, ки муаззин азон гуфт, барои адои намоз омода шав.

35. Дар маҷлисҳои илмӣ аз хашму ғазаб кор магир.

Имом Абӯҳанифа (р) ин васиятҳоро на танҳо ба шогирдону фарзандаш, балки ба ҳамаи пайравони мазҳабаш ва умуман ба уммати ислом бахшидааст. Ҳамаи ин васиятҳо мазмуни оёти Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (с) мебошанд.

2009[вироиш]

Соли 2009 - Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шудааст.[1]

Нигаред[вироиш]

Яке аз макотиби олии Тоҷикистон ба номи Абу Ҳанифа (арабӣ: الامام الاعظم) "Имоми Бузург" Нӯъмон бин Сабит Зута бин Моҳан - Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа гузошта шудааст.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Али-заде, А. А., 2007.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Ислам: ЭС, 1991.
  3. Islam на Неве.
  4. "Рождение, полное имя и нисба Абу Ханифы". Имам Абу Ханифа | Наследие Абу Ханифы. 2013. Retrieved 2013-09-25. 
  5. 5.0 5.1 Umma.ru.
  6. Ya'qubi, vol.
  7. Najeebabadi, Akbar S. (2001).
  8. Alikuzai,, Hamid Wahed (2013-10). A Concise History of Afghanistan in 25 Volumes. Trafford Publishing. p. 146. ISBN 9781490714462. Retrieved 28 October 2015.  Check date values in: |date= (help)
  9. Encyclopedia of the Ottoman Empire
  10. History of the Ottoman Empire and modern Turkey