Имомназар Қудратов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қудратов Имомназар
Таърихи таваллуд: 4 март 1946(1946-03-04) (76 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: биология
Ҷойҳои кор: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ: профессор
Алма-матер: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Имомназар Қудратов — биолог, доктори илми биологя (2008), профессори кафедраи ботаникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2008)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Имомназар Қудратов соли 1969 факултети биологияи ДДТ ба номи В.И. Ленинро бо ихтисоси биолог хатм намудааст. Аз соли 1994 дотсент, профессор, (2005); мудири кафедраи ботаника Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(2005-2011). Фаъолияти илмии Қудратов И. ба флора, систематика, таксономия, география ва экологияи гулсангҳо бахшида шудааст. Муаллифи як монография ва зиёда аз 100 мақолаю фишурдаи илмӣ мебошад. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2008) мебошад. Ҳоло дар кафедра аз фанҳои «Ботаника», «Микология», «Таърихи биология», «Систематикаи рустаниҳои дараҷаи паст» ва курсҳои тахассусӣ «Лихенология ва микология» дарс медиҳад. Дар давраи мудирии профессор Кудратов И. дар кафедра 10 нафар устодон фаъолият менамуданд 2 нафар доктор 3-нафар номзадони илм ва 5-нафар асситентон.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. кафедраи ботаника, Имомназар Қудратов(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 31 май 2020 санҷида шуд.