Имом Раҳмониён
Имом Раҳмониён (Раҳмонов Имомалӣ Авғонович; зод. 5 феврали 1969, деҳаи Тиллои Сафед, ноҳияи Орҷонкидзеобод) — устоди рақс, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2004), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2012)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фориғуттаҳсили (1991) Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Солҳои 1991—1993 муаллими рақси кафедраи хореографияи ДДСТ ба номи М. Турсунзода, 1993—1996 балетмейстер-таҳиягари студияи консертии «Сайидон», 1996—2005 роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстери ансамбли давлатии рақсии «Лола» кор кардааст. Аз соли 2005 сарбалетмейстери ансамбли рақсии «Гулрез»-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мебошад.
Ҳунари рақс
[вироиш | вироиши манбаъ]Нозукиҳои ҳунари рақсиро аз худ намуда, аз ҷастухез, ҳаракатҳои бошаст пешгирӣ мекунад. Ин аст, ки рақсҳои таҳиякардааш аз сӯи дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ хуб адо мешавад, аз ҷониби бинандагон хуш қабул мегардад. Беҳтарин анъанаҳои рақсӣ ба арғушти тоҷикӣ, чун «Навои кӯҳистон», «Синахурӯш», «Базморо», «Мавзун», «Гулрез», «Нурҳои кишвари офтобӣ», «Нози чаман», «Савти фалак», «Мавригӣ», «Гулсанамҳои пойтахт» овардааст, ки мазмунашон зиндасозӣ ва васлкунии рақси классикию халқӣ бо ҳама ганҷи хирад, услубу латофат мебошад. Ба Афғонистон, Туркия, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳиндустон, Русия,Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳо сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (6 сентябри 2012). 17 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.