Jump to content

Имом Фахруддини Товусӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Имом Фахруддини Товусӣ
Зодгоҳ Рай
Таърихи даргузашт 1245(1245)
Пеша(ҳо) сароянда, навозанда

Имом Фахруддини Товусӣ (?, Рай — 1245/46, Рум)— мусиқидон, оҳангсоз ва навозанда, муфассир ва мусаннифи мусиқӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш илм ва ҳунар андӯхт. Дар улуми фалсафӣ, адаб ва мусиқӣ (бештар мусиқии назарӣ) донишашро такмил медиҳад. Муддате дар дарбори Баҳромшоҳи Салҷуқӣ (1167—1168), Кайковуси дуввум (1245—1257) ба сифати муфассир ва дафтардор хидмат менамояд. Ба осори мусиқидонони юнонӣ шарҳҳо навиштааст ва барои такмили дониши тасаввуфӣ ба Туркия (Рум) сафар мекунад. Бинобар ба тавсифи манобеи хаттӣ Фахруддини Товусӣ дар мусиқии илмӣ асаре бо номи «Китоб-ал-маърифат ал-шеър вал мусиқӣ» нигошта ва муҳимтарин таълифоти назарӣ шуморидаанд (ин асар то имрӯз боқӣ намонда). Абдулқодири Мароғӣ дар «Шарҳи адвор», «Завоид алфавоид» аз ин асари ӯ ёд намудааст.

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 86 ISBN 978-99947-49-13-3.