Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Импеданси Акустикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Импеданси акустикӣ, импеданси савтӣ, муқовимати маҷмӯӣ (комплексӣ), ки ҳангоми баррасӣ намудани лаппишҳои системаҳои акустикӣ ворид карда мешавад.

Импеданси акустикӣ ба нисбати амплитудаҳои маҷмӯи (комплексӣ)-и фишори савтӣ ва суръати лаппишии ҳаҷмии зарраҳои муҳит баробар мебошад. Ифодаи комплексӣ барои импеданси акустикӣ чунин намуд дорад: Za=ReZa + iImZa, ки дар ин ҷо i – воҳиди мавҳум аст. Қисми ҳақиқии импеданси акустикӣ ReZa (муқовимати акустикии фаъол) ба диссипатсияи энергия дар худи системаи акустикӣ ва талафоти энергия барои афканишот вобастагӣ дорад. Қисми мавҳум ImZa (муқовимати акустикии реактивӣ) дар натиҷаи аксултаъсири қувваҳои инерсия ё қувваҳои чандирӣ ба вуҷуд меояд. Мафҳуми импеданси акустикӣ ҳангоми баррасии паҳншавии садо дар лӯлаҳои акустикӣ, рупорҳо (карнайҳои тақвияти овоз) ва ғ. ё хусусиятҳои акустикии шуоъафканҳо ва қабулкунакҳо муҳим аст. импеданси акустикӣ барои системаҳои акустикии шуоъафкан иқтидори афканишот ва зариби амали муфид, барои шуоъафканҳо ва садоқабулкунакҳо шартҳои мувофиқат бо муҳитро муайян мекунад. Дар системаи СИ импеданси акустикӣ бо Н•с/м5 чен карда мешавад.

Дар баробари импеданси акустикӣ мафҳуми импеданси акустикӣи хос Za ва импеданси механикӣ Zм истифода мешаванд. Импеданси акустикии хос – нисбати фишори савтӣ ба суръати лаппишии зарраҳо дар нуқтаи додашуда мебошад; барои мавҷи ҳамвор Za ба муқовимати мавҷии муҳит баробар аст. Импеданси механикӣ нисбати қуввае мебошад, ки бо он системаи акустикӣ ба муҳит, ба суръати лаппишии зарраҳои муҳит таъсир мерасонад. Барои системаи шуоъафкани поршении андозааш аз дарозии мавҷ бузургтар импеданс Zм ба ҳосили зарби фишори савтӣ ба масоҳати поршен, ки ба суръати лаппиши аз рӯи масоҳат миёнаи зарраҳо тақсим шудааст, баробар аст. Воҳиди андозагирии импеданси механикӣ дар системаи СИ – Н•с/м. Бузургиҳои Zм, za ва Za бо таносубҳои зерин ба ҳам алоқаманданд: Zм= Sza = S2Za, ки дар ин ҷо S – масоҳати баррасишаванда дар системаи акустикӣ мебошад.