Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Империализм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Империализм (фаронс. impérialisme, англ. imperialism, олм. imperialismus, аз лот. imperium – ҳокимият, ҳукмфармоӣ), мафҳуми ибтидоии империализм низоми идориеро ифода мекунад, ки ғолибан бар неруи низомӣ, сиёсати истилогарона ва ғасби сарзаминҳо асос ёфта, сиёсат ё иқтисодиёти давлатҳо, миллатҳо ва минтақаҳои дигар таҳти назорати он қарор мегиранд. Аз солҳои 1870 дар шароити густариши сиёсати забткоронаи кишварҳои аврупоӣ ва ИМА мафҳуми «Империализм» ҳамчун муродифи «мустамликасозӣ» истифода мешуд. Ин мафҳум нахустин бор дар асари Ҷ. А. Гобсон «Империализм» (1902) ба маънии «марҳалаи нави рушди ҷомеаи сармоядорӣ» тафсир ёфта, баъдан назарияпардозони марксист Р. Люксембург, Р. Гилфердинг, В. И. Ленин ва дигарон онро такмил доданд. Солҳои 1920 қувваҳои чапгаро империализмро ҳамчун методология барои таҳлили рушди капитализм ва асоснок кардани назария ва амалияи муборизаи синфӣ, ҳамчунин, инқилоби сотсиалистӣ истифода мебурданд. Ленин вижагиҳои асосии империализмро чунин шарҳ дода буд: 1) сатҳи андӯхти истеҳсолоту сармоя ба ҳадде рушд мекунад, ки боиси пайдоиши монополия шуда, он дар иқтисодиёт нақши ҳаётӣ мебозад; 2) омезиш ёфтани сармояҳои бонкӣ ва саноатӣ, ки дар заминаи он «сармояи молиявӣ», «олигархияи молиявӣ» зуҳур мекунанд; 3) бартарӣ пайдо кардани содироти сармоя нисбат ба содироти маҳсулот; 4) ташкили иттиҳодияҳои байналмилалии монополистии сармоядорон, ки ҷаҳонро тақсим мекунанд; 5) анҷом ёфтани тақсими ҷаҳон дар байни давлатҳои бузурги капиталистӣ. Назарияи марксистии империализм, ки дар байни либералҳо низ машҳур буд, тамоюлу раванди рушди ҷомеаи сармоядориро беҳтар тасвир мекунад, аммо таҳаввулоти ҷаҳони муосирро фаро намегирад. Дар адабиёти илмӣ тафсири мафҳуми ибтидоии империализм низ васеъ истифода мешавад, ки он дар сиёсати забткорӣ, тақсими ҷаҳон, ҳукмрон шудани як давлат, вобастагии давлату миллатҳои дигар дар тамоми марҳалаҳои инкишофи таърих ба сиёсати империявии давлатҳои абарқудрат хос аст. Агар ин мафҳумро ба тамаддуни капиталистӣ нисбат диҳем, пас бояд ба мафҳуми империализм ҳамаи зуҳуроти инкишофдиҳандаи он, аз ҷумла мутаҳаррикӣ, вусъати номаҳдуди (ғасбкунӣ, истифодаи усулҳои низомӣ) шиканандаи марзҳои миллӣ, давлатӣ, минтақавӣ ва фарогирандаи иқтисодиёту сиёсат, фарҳанг, маишат, идеология пӯшиш дода шавад, ки барои глобализатсия замина фароҳам меоранд. Ҳоло кишварҳои империалистӣ кӯшиш доранд, ки тавассути шароит, усул ва тамоюлҳои глобализм нуфузи иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва иттилоотии худро таъмин намоянд. Ин воқеияти таърихиро метавон империализми нави ҷаҳонӣ номид. Империализми анъанавӣ ба давлатҳои алоҳида хос буд, ки онҳо давлату мардуми дигарро аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ ба худ вобаста мекарданд. империализми муосир тавассути гурӯҳи давлатҳои пешрафтаи саноатӣ бо роҳу усулҳои ғайримустақим, мустақим ва фаромиллӣ нисбат ба кишварҳои боқимонда татбиқ карда мешавад.