Империяи Австрия
| Унсури Викидода мавҷуд нест |
Империяи Австрия (олм. Kaisertum Österreich), номи мутлақият (монархия)-и Ҳобсбургҳо, давлат дар Аврупои Ғарбӣ (1804–1920), ки 11 августи 1804 император Франси II таъсис додааст. Пойтахташ – ш. Вена. империяи Австрия мулкҳои меросии Ҳобсбургҳо – Чехия, Маҷористону Словакия, Руси Карпатӣ, Банат, Хорватия, Трансилвания (ҳоло Руминия), Галитсия, Буковина ва қисми зиёди Италияи Шимолӣ (шоҳигарии Ломбардия ва Венетсия)-ро, ки дар онҳо халқҳои аслу насаб ва мазҳабашон гуногун сокин буданд, муттаҳид мекард.
Забони расмии давлатӣ забони олмонӣ буд. Нухбагони олмонии Вена бо мақсади устувор кардани ҳокимияти марказии давлати сермиллат, ки гароишҳои марказгурезӣ доштанд, то ҳадде ба ҳифз ва тақвияти ҳукмронии иҷтимоӣ-иқтисодии мардуми олмонитабор дар саросари империя такя мекарданд. Олмониҳо камтар аз чоряки ҷамъияти кишварро ташкил медоданд ва бо ҳамин далел ҳукумат сиёсати олмоникунониро пеш гирифт. Дар ин раванд шаҳру қалъаҳои олмонӣ дар марказ, шимол ва шарқи мамлакат, ки дар замони мустамликакунии саксониҳо (асрҳои 12–13) бунёд шуда буданд, нақши муҳим доштанд. Сиёсати олмоникунонӣ ба муқовимати ақаллиятҳои миллӣ, бахусус, онҳое, ки то ворид шудан ба империяи Австрия давлатҳои таърихии худро доштанд (маҷориҳо, чехҳо, полякҳо), рӯбарӯ шуд. Муқобилати маҷориҳо, ки бо воқеаҳои инқилобии соли 1848 ҳамроҳ шуд, хеле шадид буд.
Марти 1848 замони таназзули иқтисодӣ ва ошӯбҳо дар Вена сабаби истеъфои канслер Меттерних шуд. Барои роҳбарони радикалӣ конститутсияи нав ба таври кофӣ демократӣ набуд ва онҳо 15 майи 1848 ошӯби оммавӣ ташкил карданд. Императори ноуҳдабаро Фердинанди I, ки соли 1835 пас аз марги Франси I ба тахт нишаста буд, ба Инсбрук гурехт ва баъдан истеъфо дод. Дар нуқоти гуногуни империяи Австрия инқилоб оғоз шуд, ки «Баҳори мардум» (1848–49) ном гирифт. Декабри 1848 бародарзодаи 18-солаи Фердинанди I – Франс Иосиф ба тахт нишаст. Инқилоби Маҷористон соли 1849, аз ҷумла, бо ёрии неруҳои Руссия, ки он замон муддати кӯтоҳ иттифоқчии И. А. буд, пахш карда шуд. Вазъи нисбатан устувор дар И. А. то он дам боқӣ монд, ки дар ҷанг миёни Австрияю Италия ва Фаронса (27 апрел – 12 июли 1859) зидди Фаронса ва шоҳии Сардиния Австрия мағлуб шуд ва ҳукмронии он дар Италия ба охир расид. Дар баробари ин вокунишҳо тамоми ислоҳоти анҷомдодаи инқилобро барҳам дода, бар асоси як дастгоҳи бюрократии қудратманд монархияи мутлақро ба империя баргардонд. Вазъият бо сабаби маҳдудияти сиёсати хориҷӣ ва тамоюлҳои марказгурезӣ дар канораҳои он шиддат гирифт. Дар империя созмонҳое амал мекарданд, ки хостгори федераликунонии давлат ва ҷудосозии бахшҳои алоҳидаи он аз монархияи Ҳобсбургҳо буданд. Барои қонеъ кардани даъвоҳои миллӣ ҳукумати Австрия конститутсияи нави федералиро пешниҳод кард, вале дер шуда буд ва баъди шикастҳо соли 1867 ҳукумат бо маҷориҳо ба созиш омад. Империяи Австрия ба монархияи дугона – Австрия ва Маҷористон табдил ёфт ва заминҳо ба тоҷи аслан австриягӣ (Сислейтания) ва маҷорӣ (Транслейтания) ҷудо шуданд, ки мухторияти дохилӣ ва қисман хориҷиро ба даст оварданд, вале мисли пештара ҳокими мутлақ (монарх)-и ягона дар Вена буд. Сабабҳои заволи монархияи Австрия ва Маҷористон ихтилофи иҷтимоии дохилӣ ва ҷудошавии бахшҳои гуногуни он, инчунин, Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, қаҳтии соли 1918 ва буҳрони иқтисодӣ буданд. 17 октябри 1918 парламенти Маҷористон иттифоқро бо Австрия бекор кард ва истиқлолияти кишвари худро эълон намуд. 28 октябр Чехословакия, 29 октябр Давлати словенҳо, хорватҳо ва сербҳо таъсис ёфтанд. 3 ноябр Ҷумҳурии халқии Украинаи Ғарбӣ истиқлолияти худро эълон кард. 6 ноябр дар ш. Краков аз нав ташкил шудани Полша эълон шуд. Якчанд ҷумҳурии дигар, аз ҷумла, Ҷумҳурии Команча, Ҷумҳурии Банат, Ҷумҳурии Прекмуре ва ғайра таъсис ёфтанд. Қисми боқимондаи ҳудуди монархия ба ҳайати давлатҳои мавҷуда ё навтаъсисёфта дохил шуданд. Заволи империя дар заминаи шартномаи Сен-Жермен (10.9.1919) бо Австрия ва шартномаи Трианон (4.6.1920) бо Маҷористон ҳукми қонунӣ гирифт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Империяи Австрия // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.