Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Империяи Никей

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Империяи Никей
1204 1261


Пойтахт Ниқея
Забон(ҳо) юнонии бизонсӣ[d]
Шакли ҳукмронӣ подшоҳӣ

Империяи Никей (юн. Αὐτοκρατορία τῆς Νίκαιας), Империяи Ниқия (юн. Βασίλειον τῆς Νίκαιας) — давлати юнонӣ (1204—1261), ки соли 1204 пас аз заволи Византия дар Вифиния таъсис ёфт.

Империяи Никей аз ҷониби падарарӯси императори Византия Алексеи III Ангел Комнин — Феодори I Ласкарис таъсис дода шуд. Музаффарият дар мубориза бо салибдорон ва динатҳо (заминдорон)-и юнонӣ, ки барои ҳукумат дар Осиёи Хурд даъво доштанд, ба ӯ имкон дод, ки шаҳрҳои Нимфей, Прус, Никей (ҳоло Изник)-ро забт ва худро император (тирамоҳ — зимистони 1204—1205) эълон кунад. Империяи Никей дар ибтидо «Империяи Ромейҳо» ном дошта, барои мероси тахту тоҷи Византия ва муттаҳидкунии юнониён дар мубориза бар зидди «лотиниён» иддио мекард. Феодори I Ласкарис дар заминаи сарватҳои иқтисодӣ [заминҳои ҳосилхези хазина (фиск)-и императорӣ ва дайрҳо, даромад аз шаҳрҳои осудаҳоли Вифиния] ва дастгирии Патриархи ҷаҳонӣ аз соли 1208 қароргоҳаш дар Никей қудрати дифоии Империяи Никейро устувор кард ва лашкари Империяи Лотиниро якчанд бор шикаст дод.

Солҳои 1207 ва 1214 Империяи Трапезундро, ки даъвогари тоҷу тахти Византия буд, мағлуб кард ва Пафлагонияи Ғарбиро аз дасти Комнинҳои Бузург гирифт. Соли 1211 Феодори I Ласкарис дар муҳорибаи назди Антиохияи лаби Меандр салҷуқиёнро мағлуб кард. Солҳои 1214 ва 1219 бо Империяи Лотинӣ ва Венетсия, соли 1216 бо Салҷуқиён шартномаҳо баст; сарҳадҳои Империяи Никейро мустаҳкам кард, истеҳкомҳои мудофиавӣ сохт, ки акритҳо (ҳарбиёни муҳоҷир, ки аксар деҳқонони осудаҳол буданд) ва гарнизонҳои аскарони кирояро ҳифз мекарданд. Империяи Никей дар замони ҳукмронии домоди Феодори I — Иоанн III Дука Вататзес ба авҷи қудрат расид. Ӯ шӯриши феодалони мухолифро пахш кард ва нисбат ба пешгузашта (салаф)-и худ бештар заминҳои фискро ҳамчун подоши хидмат ба ихтиёри сипоҳиён гузошт, кишти мулкҳои императориро вусъат бахшид. Давлат дар сиёсати дохилӣ аз касбу ҳунар ва тиҷорат пуштибонӣ кард, флоти хурде ташкил ва андози дайрҳоро сабук намуд. Иоанни III бо пуштибонии деҳқонони озод ва дигар табақаҳои ҷомеа (прониарҳо, акритҳо, ҳарбиёни шартномавии Аврупои Ғарбӣ ва кипчоқҳо) такя намуда, ба Империяи Лотинӣ (ба ин даромади зиёди хазина мусоидат кард) ҳуҷум ва то соли 1225 қариб тамоми Осиёи Хурдро озод кард. Пас аз ғалабаи Булғория бар Эпир (минтақаи ҷуғрофиёӣ ва таърихӣ дар Аврупои Ҷанубу Шарқӣ дар байни Юнону Албания) дар муҳорибаи назди Клокотнитса (1230) ҳудудҳои зиёди Фракия ва Македонияро забт кард ва бидуни муҳориба ба Фессалоника (1246) ворид шуд. Соли 1254 пас аз ғалаба бар ҳокими Эпир Михаили II Ангел ва ишғоли шаҳрҳои Воден, Кастория ва Девол то сарҳадҳои Империяи Никей дар Балкан ба Адриатика расиданд. Иоанни III шаҳрҳои Лесбос, Хиос ва дигар ҷаз-ҳои Эгеидаро соҳиб шуд. Иоанни III солҳои 1253—1254 бо мақсади таъмини амният дар мулкҳояш, ки аллакай Қустантания (Константинопол)-ро муҳосира карда буданд, бо папа Инокентийи IV доир ба иттифоқ (уния) гуфтушунидҳо анҷом дод. Пас аз марги Иоанни III ҷонишини ӯ Феодори II Ласкарис самти сиёсаташро тамоман дигар кард ва аз наздикшавӣ бо калисои католикӣ даст кашид. Феодори II муборизаро бар зидди динатҳо пурзӯр намуда, имтиёзи хазинаи императориро барҳам дод. Ин боиси иттиҳоди динатҳои норозӣ шуд ва пас аз фавти Феодори II ба тахти Империяи Никей намояндаи онҳо — сарпарасти писари 8-солааш Иоанни IV Ласкарис дукаи бузург Михаил Палеолог нишаст. Ӯ дар аввали соли 1259 (Михаил VIII Палеолог) дар Нимфей тоҷ ба сар ниҳода, Иоанни IV Ласкариси хурдсолро кӯр ва аз тахт дур кард. Мухолифин бо сарварии патриарх Арсений шикаст дода шуданд, худи архипастир аз патриархӣ даст кашид. Михаил ба динатҳо имтиёзҳои аздастдодаашонро баргардонд.

Ҷангҳо ва тавсеаи қаламрав

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ин замон дар Балкан иттифоқи зиддиникейӣ ба вуҷуд омад, ки ба он ҳокими Эпир — Михаили II Ангел Дука Комнин, князи Морея Гийом II Виллардуэн, императори Империяи Лотинӣ Балдуини II ва шоҳи Ситсилия Манфред дохил шуданд. Соли 1259 лашкари никейиҳо дар муҳорибаи назди Пелагония иттифоқчиёнро шикаст дод. Гийоми II Виллардуэн ва баҳодурони машҳури фаронсавӣ, ки дар муҳориба иштирок карда буданд, асир афтоданд. Марти 1261 Михаили VIII бо Генуя шартномаи иттифоқӣ баст ва Генуя ваъда дод, ки бар ивази савдои бебоҷ дар ҳудуди Империяи Никей бар зидди венетсиягиҳо (қувваи асосии баҳрии Империяи Лотинӣ) флоти худро мефиристад. Кумак лозим нашуд. Шаби 24-25 июли 1261 сарлашкари никейӣ Алексей Стратигопул бо дастгирии аҳолии юнонӣ, ки дарвозаҳоро барои ӯ кушоданд, бе муҳориба ба Қустантания ворид шуд. Лотиниҳо аз шаҳр гурехтанд. 15 август Михаили VIII ботантана ба Қустантания ворид шуда, Империяи Византияро барқарор кард.

Маданияти Империяи Никей идомаи бевоситаи маданияти Византия буд. Ласкарисҳо, ки мактабҳо ва скрипторияҳо (корхонаҳои аз нав навиштани дастхатҳо)-ро таъсис доданд, пайравон ва муҳофизони маданияти эллинӣ буданд. Дар дарбори императорони никейӣ нависандагону олимони номдор аз Қустантания, аз ҷумла Никита Хониат, Николай Месарит, донишноманавис, илоҳидон ва файласуф Никифор Влеммид, муаррих, дипломат ва ходими дарборӣ Георгий Акрополит фаъолият доштанд. Иоанни III ҳомии илму санъат буд. Феодори II Ласкарис донишманд ва нависандаи бузург буд, ки пайваста бо ширкати ӯ маҳфилҳои донишмандони юнонӣ баргузор мешуданд.