Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Империяи Руми Муқаддас

This is a good article. Follow the link for more information.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Империяи Руми Муқаддас
2 феврали 962 6 августи 1806


Дирафш Нишон
Гимн[d]
Пойтахт Аахен, Прага, Прага, Вена, Regensburg[d] ва Wetzlar[d]
Забон(ҳо) лотинӣ, олмонӣ, итолиёӣ, чехӣ, забони маҷорӣ ва полякӣ
Воҳиди пул дукат[d]
Аҳолӣ
  • 40 000 000 тан (1806)
Шакли ҳукмронӣ elective monarchy[d] ва federal monarchy[d]

Империяи Руми Муқаддас (аз соли 1512 — Империяи Руми Муқаддаси олмониҳо, лот. Sacrum Imperium Romanum Nationis Germanicae / Sacrum Imperium Romanum Nationis Teutonicae, олмонӣ: Heiliges Römisches Reich Deutscher Nation) — давлат дар Аврупои Ғарбӣ ва Марказӣ (962—1806). Асосгузораш император Оттони I (аз 962) буд, ки онро мероси империяи Карли I Кабир ва Руми Ғарбӣ медонист.

Империя аз чандин ҳукумати мустақили шоҳӣ ва герсогӣ иборат буд. Императорони он ашрофи олмонӣ буданд. Таъсиси империя бояд барои устувор шудани нуфузи сиёсии Оттони I дар Лотарингия ва қаламрави собиқ давлати Каролингҳо мусоидат мекард. Империяи Руми Муқаддас дар асрҳои X—XIII ба авҷи қудрат расида, ба ҳайати он Олмон, Австрия, Словения, Шветсия, Лихтенштейн, Белгия, Ҳолландия, Люксембург, Чехия, Фаронсаи Шарқӣ, Италияи Шимолӣ ва Полшаи Ғарбӣ дохил мешуданд. Аз асри XI муборизаи императорон бо папаи Рум шиддат ёфта, дар натиҷаи он сарзамини Италия аз ҳайати империя хориҷ карда шуд (нимаи дуввуми асри XIII) ва нуфузи ҳукуматҳои мустақил устувор гардид. Аз асри XIII императорро коллегияи курфюрстҳо интихоб мекарданд. Соли 1438 дар империя сулолаи Габсбургҳо ба сари қудрат омад. Дар асрҳои XV—XVI парокандагии сиёсии Империяи Руми Муқаддас авҷ гирифт: кӯшишҳои анҷом додани ислоҳот барои мутамарказ кардани ҳокимияти марказӣ ва ҷорӣ намудани боҷи императорӣ чандон натиҷа надоданд. Баъди Ҷанги сисола (1618-48) ва сулҳи Вестфал (1648) ҳукумати император бо ном боқӣ монда, Империяи Руми Муқаддас дар рафти ҷангҳои Наполеон барҳам хӯрд. Соли 1806 охирин императори Империяи Руми Муқаддас Франси II (1792—1806) аз ҳукумат даст кашида, расман тоҷу тахти империяи Австрияро соҳиб гардид.

Шаблон:Таърихи Аврупо Шаблон:Таърихи Олмон