Империяи Трапезунд
| Империяи Трапезунд | ||||
| ||||
|---|---|---|---|---|
| Пойтахт | Трабзон | |||
| Забон(ҳо) | юнонӣ | |||
| Шакли ҳукмронӣ | подшоҳӣ | |||
Империяи Трапезунд (юн.-миёна Αυτοκρατορία της Τραπεζούντας) — давлати асримиёнагии юнонӣ (1204—1461) дар соҳилҳои анатолии баҳри Сиёҳ дар қисми шимолу шарқии Осиёи Хурд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Пойтахташ — шаҳри Трапезунд (ҳоло Трабзон). Империяи Трапезунд пас аз забти Қустантания (Константинопол) аз ҷониби салибдорон — иштирокдорони ҷанги 4-уми салибӣ, ҳангоми заволи Империяи Византия таъсис ёфта буд. Бо ёрии лашкари маликаи гурҷӣ Тамара набераҳои императори византиягӣ Андроники I Алексей ва Довуд (Давид) Комнинҳо апрели 1204 аввал Трапезунд, баъд ноҳияҳои наздисоҳилиро бо шаҳрҳои Синоп, Амастрида ва Ираклия забт карданд. Тамоми соҳили баҳри Сиёҳ аз Гераклей то Қафқоз, ба ғайр аз Амиса (Самсун), ки дар дасти Салҷуқиён буд, ба Комнинҳои Бузург тобеъ шуд. Алексей император (ҳукмронӣ 1204—1222) эълон шуд, ки дар асл қисми шарқии империя (бо Трапезунд) зери ҳокимияти ӯ ва қисми ғарбӣ зери итоати Довуд буд. Сулолаи Комнинҳои Бузург тӯли дуним аср ҳукмронӣ карданд. Соли 1214 Ираклия ва Амастридаро Империяи Никей ва Синопро салҷуқиён забт карданд. Қаламрави Империяи Трапезунд ба ҷониби хатти наздисоҳилӣ танг ва аз дигар ҳудудҳояш ҷудо шуд, ки дар он юнониҳо, гурҷиҳо ва арманиҳо сокин шуданд. Империяи Трапезунд бо Гурҷистон муносибати хуб дошт. Иқтисодиёти Империяи Трапезунд ба ангурпарварӣ, ғаллакорӣ ва миёнаравӣ дар тиҷорат бо қисми шимолии назди баҳри Сиёҳ, Қафқоз, Байнаннаҳрайн, Осиёи Миёна асос ёфта буд. Феодалҳо мустақил буданд: онҳо деҳқонони тобеи худро суд мекарданд ва дружинаҳо таъсис медоданд. Империяи Трапезунд аз соли 1243 ба муғулҳо ва аз соли 1456 ба туркҳои усмонӣ боҷ медод. Дар ибтидои асри XIV бо Оқ-Қоюнлу ҷангидааст. Соли 1461 Империяи Трапезундро султон Муҳаммади II забт карда, ба музофоти Империяи Усмонӣ табдил дод.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Империяи Трапезунд // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.