Империяи мустамликавии Нидерландия
| Империяи мустамликавии Нидерландия | |||||||
| |||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|
| |||||||
| Пойтахт | Гаага | ||||||
| Забон(ҳо) | нидерландӣ | ||||||
| Шакли ҳукмронӣ | Ҷумҳурӣ ва подшоҳӣ | ||||||
Империяи мустамликавии Нидерландия —мулкҳои вобаста ба Нидерландия (нимаи аввали асри XVII – миёнаҳои асри XX).
Сиёсати мустамликавии нидерландиҳо дар се марҳала сурат гирифт: фиристодани киштиҳои тиҷоратӣ; ташкили марказҳои тиҷоратӣ ва ишғоли мулкҳо. Ин сиёсат тавассути ширкатҳои тиҷоратии Ширкати Ост-Индия (ШОИ, таъсис 1602), Ширкати Вест-Индияи Ҳолландия (ШВИ, 1621–1792) ва Ширкати австралиягӣ (1614) татбиқ гардид. Қисми зиёди мулкҳои мустамликавии Нидерландия дар Осиё қарор доштанд. Дар ибтидои асри XVII ШОИ португалиҳоро аз ҷаз-ҳои Молукк (1609) ва англисҳоро аз галаҷаз-ҳои Малай (1623–1799) хориҷ карда, мавқеи худро дар ин минтақа пурзӯр намуд. Солҳои 1641–58 нидерландиҳо нимҷаз. Малакка, Малабор, Формоз (ҳоло Тайван) ва қисми зиёди ҷаз. Сейлон (Шри-Ланка)-ро ишғол карда, дар Бангола, Коромандел, Бирма, Сиам, Вйетнам, Хитой, Ҷопон, Яман, Уммон ва Ироқ минтақаҳои тиҷоратӣ таъсис доданд. ШВИ дар ибтидои асри XVII барои тиҷорат ва мустамликасозии минтақаҳои Африқои Ғарбӣ ва Амрико аз Иёлоти Генералӣ (Парламент) имтиёз дарёфт кард. Солҳои 1640–50 мулкҳои мустамликавии нидерландиҳо дар ҷазираҳои Маврикий ва димоғаи Умеди Нек ташкил шуданд. Нидерландиҳо соли 1616 Эссекиборо ишғол карда, ба Амрикои Ҷанубӣ роҳ ёфтанд. Солҳои 1620–50 баъзе ҷазираҳои Антил (Аруба, Кюрасао, Синт-Эстатиус, Сен-Мартен) ва Суринам ба ихтиёри нидерландиҳо гузаштанд. Соли 1624 дар соҳилҳои Амрикои Шимолӣ мустамликаи Нидерландияи Нав таъсис ёфт, ки калонтарин шаҳри он Амстердами Нав (ҳоло Ню-Йорк) буд. Империяи мустамликавии Нидерландия солҳои 1640 ба авҷи қудрат расид. Нидерландиҳо солҳои 1654–61 аз Бразилия бароварда шуданд. Ҳамзамон, онҳо дар ивази монополияи содироти шакари Суринам Нидерландияи Навро ба ихтиёри англисҳо гузоштанд. ШВИ ва ШОИ дар мулкҳои мустамликавӣ инҳисори тиҷоратӣ доштанд ва бо роҳҳои гуногун мардуми маҳаллиро истисмор мекарданд. Мавҷудияти империя дар Нидерландия ба рушди тиҷорат, киштисозӣ ва бонкдорӣ таъсири мусбат расонд, вале аз сабаби он ки даромади мустамликаҳо барои рушди саноати миллӣ сарф намешуд, нидерландиҳо тадриҷан дар мустамликадорӣ аз англисҳо қафо монданд.
Дар натиҷаи ҷангҳои англо-ҳолландӣ (1780–84) ширкатҳои тиҷоратии Нидерландия хисороти зиёд диданд. Баъди барҳам хӯрдани ШВИ (1792) мулкҳои мустамликавӣ ва қарзҳои ширкат ба ихтиёри Иёлоти Генералӣ гузаштанд. Дар давраи мавҷудияти Ҷумҳурии Батава (номи расмии Ҷумҳурии музофоти муттаҳидаи Нидерландия дар 1795–1806) қаламрави Империяи мустамликавии Нидерландия ба маркази рақобати фаронсавиҳо ва англисҳо табдил ёфт. Охири асри XVII як қисми мулкҳои мустамликавии нидерландиҳо аз ҷониби Британияи Кабир ишғол шуданд. Соли 1799 ШОИ барҳам хӯрд. Мувофиқи аҳдномаи соли 1813, Британияи Кабир тақрибан ҳамаи мустамликаҳои нидерландиҳоро (ба истиснои Эссекибо, Демерара, мустамликаи Кап, ҷаз. Сейлон) бозпас дод. Мувофиқи Созишномаи Лондон (17.3.1824) нидерландиҳо Малакки ва минтақаҳои тиҷорати худро дар Ҳинд ба Англия дода, дар иваз минтақаҳои тиҷоратии Суматраро ба даст оварданд ва дар галаҷаз-ҳои Малай соҳибихтиёр шуданд. Аз соли 1866 Гвианаи Нидерландия расман мулки мустамликавии нидерландиҳо гардид. Нидерландиҳо соли 1871 дар Суматра соҳибихтиёр шуда, қалъаҳои худро дар Соҳилҳои тилоӣ (дар Африқо) ба ихтиёри англисҳо гузоштанд (1872). Дар ибтидои асри XX Империяи мустамликавии Нидерландия аз рӯи нишондоди аҳолӣ дар ҷои 3-юм (баъди Британияи Кабир ва Фаронса) ва аз ҷиҳати ҳудуд дар ҷои 5-ум (баъди Британияи Кабир, Фаронса, Олмон ва Белгия) қарор дошт. То солҳои 1870 низоми иқтисодии империя гуногун буд: дар мулкҳои мустамликавии Ҳинд «низоми кишти иҷборӣ» ва дар Вест-Индия кишти майдонҳои бузурги истеҳсолӣ бартарӣ дошт. Дар ҳавзаи британияи Кариб ҷаз-ҳои Вест-Индия ба маркази тиҷорат ва интиқоли мол табдил ёфта буданд. Дар охири асри XIX– ибтидои асри XX нидерландиҳо дар мустамликаҳои худ сиёсати «дарҳои кушода»-ро пеш гирифтанд, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба Империяи мустамликавии Нидерландия мусоидат кард. Дар ин давра барои коркарди нафти Венесуэла дар Кюрасао чанд ширкати истеҳсолӣ ташкил шуданд. Аз ибтидои асри XX дар Империяи мустамликавии Нидерландия ҳаракатҳои зиддимустамликавӣ афзоиш ёфта, нидерландиҳоро ба анҷом додани ислоҳот водор намуданд. Баъди ташкил шудани Ҷумҳурии Индонезия (августи 1945) нидерландиҳо иҷборан Ирианаи Ғарбиро тарк карданд. Соли 1948 мулкҳои ҷазиравии нидерландиҳо дар соҳили британия Кариб ҷазираҳои нидерландии Антил ном гирифтанд. Соли 1954 ҳукумати шоҳии Нидерландия таъсис ёфта, ба Вест-Индияи Нидерландия мақоми мулкҳои хориҷии худмухтор дода шуд. Ҳукумати шоҳии Нидерландия аз «се шарики баробарҳуқуқ» – Нидерландия, Суринам ва ҷаз-ҳои Антил иборат буд. Ҳалли масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва дифоӣ дар ҷаз-ҳои Антил ба уҳдаи губернатор вогузор шуда буд, ки ӯ аз тарафи шоҳи Нидерландия таъйин мешуд. Шӯрои назоратӣ ниҳоди машваратӣ буд. Ниҳоди иҷроия – Шӯрои иҷроия дар назди Маҷлиси қонунбарор масъул буд. Ҷазираҳо тавассути ноиби губернатор ва шӯрои мардумӣ идора мешуданд. Суринам соли 1954 худмухтор ва баъдан (1975) ҷумҳурии мустақил эълон гардид. Соли 2010 мулкҳои хориҷии худмухтори Вест-Индияи Нидерландия барҳам хӯрда, дар қаламрави ҳукумати шоҳии Нидерландия давлатҳои худмухтори Кюрасао ва Сен-Мартен ташкил ёфтанд. Ҳоло Нидерландия, ҷаз-ҳои Аруба, Кюрасао ва Сен-Мартен ба ҳайати ҳукумати шоҳии Нидерландия дохил мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Империяи мустамликавии Нидерландия // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.