Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Империяи мустамликавии Олмон — мулкҳои вобаста ба Олмон (1884–1919).
Дар ибтидо доираҳои ҳукмрони Империяи Олмон (1871–1918) – кайзер Вилҳелми I ва канслер О. фон Бисмарк бо дар назар доштани ноустувории вазъи дохилӣ ва хавфи сард шудани муносибатҳо бо Британияи Кабир, Фаронса ва Руссия, ба мустамликадорӣ таваҷҷуҳ надоштанд. Олмон дар Ҷанги Фаронса ва Пруссия (1870–71) Фаронсаро шикаст дода, аз ишғоли мулкҳои тобеи он худдорӣ кард. Солҳои 1870–80 вобаста ба афзоиши эҳтиёҷоти буржуазия ба ашёи хому бозори фурӯши маҳсулот, муносибат ба мустамликадорӣ тағйир ёфта, сиёсатмадорони олмонӣ онро василаи асосии ҳалли мушкилоти дохилӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии давлат медонистанд. Дар Олмон барҷастатарин идеолог ва созмондиҳандаи асосии ҷунбиши мустамликадорӣ К. Петерс буд. Соли 1887 дар заминаи муттаҳид шудани Иттиҳоди мустамликадории Олмон (таъсис: 1882) ва Анҷумани мустамликасози Олмон (таъсис: 1884) созмони Анҷумани мустамликадории Олмон таъсис ёфта, сиёсати мустамликадориро ривоҷ дод. Ҳамзамон мубаллиғону тоҷирон ва сайёҳон дар ташкили Империяи мустамликавии Олмон саҳми бузург гузоштанд. Соли 1879 Олмон бо Самоа аҳднома баст ва чандин ширкат ва Флоти ҳарбӣ-баҳрии империя дар ин галаҷазира ба фаъолият оғоз карданд. Соли 1883 дирафши давлатии Олмон бо амри Бисмарк дар соҳилҳои Камерун афрохта шуда, минтақа ба пойгоҳи низомии мустамликавӣ табдил ёфт. Соли 1884 низомиёни олмонӣ бо баҳонаи ҳимояи моликияти тоҷири бременӣ А. Людерис дар тамоми соҳилҳои ҷанубу ғарбии Африқо дирафш афрохта, Олмонро ба давлати мустамликавӣ табдил доданд. Солҳои 1884–88 Замини шоҳ Вилҳелм (қисми шимолу ҷанубии Гвинеяи Нав), галаҷаз-ҳои Бисмарк, қисми шимолии ҷазираҳои Соломон, Африқои Ҷанубу Ғарбии Олмон (мустамликаҳои олмонӣ дар Намибия), Того, Камерун, Африқои Шарқии Олмон (мустамликаҳои Олмон дар Танзания, Бурунди ва Руанда), минтақаи Виту (дар Кения), ҷаз-ҳои Маршал ва Науру таҳти «ҳимоя»-и Олмон қарор гирифтанд. Дар натиҷаи сиёсати фаъоли мустамликавии Олмон муносибатҳои кишвар бо Британия ва Фаронса шиддат ёфтанд. Соли 1890 Олмон бо Англия (1890) аҳднома баст, ки тибқи он қаламрави Империяи мустамликавии Олмон дар Африқо маҳдуд шуд. Олмон пас аз ишғол кардани бандари Киао-Чао дар Чин (1898), ҷаз-ҳои Каролин, Мариан, Палау, Самоа (1899) ва қисман Конго, ба империяи мустамликавии ҷаҳонӣ табдил ёфт: масоҳаташ 2913,5 ҳазор км2; аҳолиаш 15,652 млн нафар. Империяи мустамликавии Олмон ба вилоятҳо тақсим шуда, зери «ҳимоя»-и Империяи Олмон ва идораи мустақими Берлин (аз 1899) қарор дошт. Дар мустамликаҳо ҳокимиятро губернаторони олмонӣ роҳбарӣ карда, мардуми маҳаллиро иҷборан ба кишти маҳсулоти содиротӣ, пардохти андозҳои сарикасӣ, манзил ва ғайра водор менамуданд. Сокинони маҳаллӣ бар зидди тартиботи нав чанд бор эътироз ва муқовимат карданд: шӯришҳои Абуширӣ ибни Солими Ҳорисӣ (1888–90), Маҷӣ-Маҷӣ (1905–07), Нама ва Ҳереро (1904–07). Мувофиқи созишномаи сулҳи Версал (1919) Олмон аз мустамликаҳояш маҳрум шуда, қаламрави Империяи мустамликавии Олмон байни ғолибони Ҷанги якуми ҷаҳонӣ тақсим гардид.
| |
|---|
| Дар феҳристҳои китобшинохтӣ | |
|---|