Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Империяи мустамликавии Португалия дар заминаи Кашфиётҳои бузурги ҷуғрофиёӣ ва рақобати тӯлонӣ бо Испания (асрҳои XV—XVIII) барпо гардид. Соли 1415 португалиҳо аввалин мулки мустамликавии худ Сеутаро ишғол карданд ва баъдан ҷазираҳои Мадейра (1420), Азор (1432), Димоғаи Сабз (1450-60) ва ҷазираҳои хал. Гвинея (1469-74) ба мустамликаи онҳо табдил ёфтанд. Пас аз кашфи резишгоҳи дарёи Конго (1481-82) ишғоли соҳилҳои Ангола оғоз гардид. Дар рафти тохтутози португалиҳо ва испаниҳо дар Африқои Шимолӣ (охири асри XV- асриXVI) соҳилҳои атлантикии Марокаш муваққатан таҳти назорати Португалия қарор гирифтанд. Дар ибтидои асри XVI мавқеи португалиягиҳо дар соҳилҳои шарқии Африқо устувор шуда, шаҳри Момбаса ба маркази мулкҳои мустамликавӣ табдил ёфт. Бразилия соли 1500 ба қаламрави Империяи мустамликавии Португалия ҳамроҳ гардид. Солҳои 1501 нахустин минтақаҳои тиҷоратии португалиягиҳо дар Осиё ташкил ёфтанд. Дар ибтидои асри 16 португалиҳо чанд мулки мустамликавии худро дар Ҳинд (Гао, Каликут), Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (Малакка), хал. Форс (Ҳурмуз) ва ҷаз-ҳои Сейлон (ҳоло Шри-Ланка) ташкил карданд. Мувофиқи Аҳдномаи Сарагос (1529), ҷаз-ҳои Молукк ва сипас Тимор ва Мумбай (дар Ҳинд) ба ҳайати Империяи мустамликавии Португалия ҳамроҳ шуданд. Соли 1557 Макао (дар Чин) ҳамчун мулки иҷоравӣ ба мустамликаи Португалия табдил ёфт. Соли 1576 ш. Луанда ҳамчун маркази мулкҳои мустамликавии португалиҳо дар Африқои Ғарбӣ бунёд ёфт. Дар давраи тобеияти Португалия ба дарбори Испания (1580—1640) португалиҳо қисми зиёди мулкҳои мустамликавии худро дар Ҳинд ва ҳавзаи уқ. Ором аз даст доданд: ҷаз-ҳои Молукк (солҳои 1605-19) ва ш. Малакка ба ихтиёри Нидерландия ва Мумбай (1661), Каннанпур, Кочин (1662-63) ба итоати Британияи Кабир гузаштанд; соли 1622 Сафавиён ҷаз. Ҳурмузро бозпас гирифтанд. Кӯшиши португалиҳо барои ишғоли минтақаҳои марказии Ҳинд ва Африқо бенатиҷа анҷом ёфт. Португалиҳо танҳо дар Бразилия ба ташкили ҳукумати мутамарказ (1720—1822) ноил шуданд, ки маркази он Сан-Салвадор буд. Аз асри XIX рақобати Британияи Кабир ва Олмон барои ишғоли мулкҳои мустамликавии Португалия оғоз шуд. То охири асри XIX доираҳои ҳукмрони Португалия бо Белгия, Олмон ва Британияи Кабир чанд созишнома бастанд, ки дар натиҷа сарҳадди Империяи мустамликавии Португалия дар Африқо муайян гардид. Баъди барҳам хӯрдани ҳукумати шоҳӣ дар Португалия (1910) баъзе мулкҳои мустамликавӣ мухторият ба даст оварданд. То солҳои 50 асри XX Ангола, Мозамбик, Гвинея-Бисау, Гоа, Даман, Диу, ҷаз-ҳои Сан-Томе ва Принсипи, Макао, ҷаз-ҳои Димоғаи Сабз ва Тимори Шарқӣ ба Португалия вобаста буданд. Дар давраи Ҷумҳурии дуввум (1933-74) Португалия ба хотири ҳифзи мустамликаҳои худ, ба онҳо мақоми музофоти хориҷи кишварро дод (1951). Аз соли 1930 назарияи лузо-тропикализм — романтизми миллатгароӣ ташаккул ёфт, ки асоси онро иттиҳоди мулкҳои аврупоӣ ва музофотҳои хориҷи Португалия ташкил медод. Соли 1961 мулкҳои Гоа, Дамана ва Диу ба ихтиёри Ҳиндустон гузаштанд. Солҳои 1960 дар мустамликаҳои африқоии Португалия (Ангола, 1961; Гвинея-Бисау, 1963; Мозамбик, 1964) муборизаҳои озодихоҳӣ авҷ гирифтанд. Империяи мустамликавии Португалия баъди Инқилоби апрелии Португалия (1974) таназзул ёфт. Соли 1975 ҳукумати Португалия бо роҳбарони ҳаракатҳои озодихоҳӣ оид ба барҳам додани низоми мустамликавӣ созишнома ба имзо расонд. Соли 1999 Макао ба ихтиёри ҶХХ гузашт; соли 2002 Тимори Шарқӣ мустақил шуд. Ҷазираи Мадейра ва ҷазираҳои Азор ҳамчун минтақаи худмухтор дар ҳайати Португалия боқӣ мондаанд.
| |
|---|
| Дар феҳристҳои китобшинохтӣ | |
|---|