Империяи мустамликавии Фаронса
| Империяи мустамликавии Фаронса | |||||||||
| |||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| |||||||||
| Гимн | |||||||||
| Пойтахт | Порис | ||||||||
| Забон(ҳо) | фаронсавӣ | ||||||||
| Воҳиди пул | French franc[d] | ||||||||
Империяи мустамликавии Фаронса (фр. L’Empire colonial français) — мулкҳои вобаста ба Фаронса (асрҳои XVI–XX).
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Фаронса ду империяи мустамликавӣ вуҷуд дошт: империяи нахустин дар раванди Кашфиётҳои бузурги ҷуғрофиёӣ ташкил ёфта, дар натиҷаи рақобати тӯлонӣ бо Британияи Кабир ва дигар кишварҳои мустамликавӣ пароканда гардид; империяи дуввум соли 1815 ташкил шуда, баъдан ба Иттифоқи Фаронса (1946) ва Иттиҳоди Фаронса (1958) табдил ёфт. Фаронсавиҳо дар асри XVI минтақаҳои соҳилии Амрикои Шимолиро кашф карданд, ки баъдан ин сарзамин бо номи Канада машҳур шуд. Дар давраи муборизаи гугенотҳо раванди ишғоли мулкҳои мустамликавӣ коҳиш ёфта, ин падида дар аҳди ҳукмронии Ҳенрихи IV ва Людовики XIII эҳё гардид.
Тавсеаи мустамликаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз асри XVII дар Амрикои Шимолӣ мулкҳои нави мустамликавӣ ташкил шуданд: Акадия (1603), Квебек (1608), ш-ҳои Труа-Ривер (1634) ва Вил-Мари (ҳоло Монреал, 1642). Солҳои 1648–97 ҷазираҳои Сен-Мартен, Гваделупа, Мартиника, Гренада, Тобаго, Сан-Доминго ба ҳайати Империяи мустамликавии Фаронса дохил шуданд. Соли 1637 фаронсавиҳо халиҷи Гвинеяро ишғол карда, ба минтақаҳои марказии Африқо роҳ ёфтанд. Онҳо баъди забти ҷазираҳои Реюнион ва Ил-де-Франс кӯшиш карданд, ки мавқеи худро дар мулкҳои соҳилии Ҳинд устувор намоянд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Империализми Фаронса моҳияти тиҷоратӣ дошт. Шоҳ ширкатҳои тиҷоратиро пуштибонӣ мекард ва онҳо дар соҳаи фурӯшу содироти амвол имтиёзи инҳисорӣ доштанд. Мустамликаҳоро губернатор ва интендантҳо идора мекарданд. Асоси иқтисодиёти мулкҳои мустамликавиро кишоварзӣ ва ғуломфурӯшӣ ташкил медод. Аз мустамликаҳо ба Фаронса ашёи хом (каучук, антратсит, ангиштсанг, тахта, пахта) ва маҳсулоти хӯрокворӣ ворид мешуд. Соли 1791 зери таъсири Инқилоби бузурги Фаронса дар Сан-Доминго шӯриши ғуломон сар зад ва ин минтақа аз тобеияти фаронсавиҳо хориҷ шуд (1794). Аз феврали соли 1794 ғуломдорӣ дар Империяи мустамликавии Фаронса. барҳам дода шуд. Мувофиқи конститутсияи соли 1795, мулкҳои мустамликавӣ ҷузъи баробарҳуқуқи Фаронса эълон шуданд. Ҳамзамон ба Гваделупа, Мартиника ва Гвиана мақоми департамент дода шуд. Соли 1802 Наполеон Бонапарт ғуломдориро барқарор кард ва баъзе мулкҳои мустамликавӣ аз мақоми департамент маҳрум шуданд. Аз 1.1.1804 Гаити (собиқ Сан-Доминго) ҷумҳурии мустақил гардид. Мувофиқи Созишномаи сулҳи Порис (1763) тамоми мулкҳои мустамликавии Фаронса дар Амрикои Шимолӣ, Доминика, Сент-Винсент, Гренада ва Тобаго (то соли 1783) ба ихтиёри Британияи Кабир гузаштанд. Тибқи муқаррароти Созишномаҳои сулҳи Порис (1814, 1815), санадҳои Конгресси Вена (1814–15) тақсими нави мустамликаҳо сурат гирифт ва фаронсавиҳо аз империяи якуми мустамликавиашон маҳрум шуданд. Фаронсавиҳо солҳои 1830–47 қисми зиёди сарзамини Алҷазоир, Марокаш ва Соҳили Оҷ (Кот-д’Ивуар)-ро ишғол карданд, ки барои ташкил ёфтани империяи дуввуми мустамликавӣ замина гузошт. Солҳои 1830–47 ҷазираҳои Таити, Уоллис ва Футуна зери нуфуз ва ҳимояи Фаронса қарор гирифтанд. Фаронсавиҳо соли 1858 ба Ҳиндухитой роҳ ёфта, мустамликаи Кохинхинро ташкил карданд (соли 1867). Солҳои 1861–67 амалиёти фаронсавиҳо барои ишғоли Мексика бебарор анҷом ёфт.
Дар давраи мавҷудияти Ҷумҳурии севуми Фаронса (1870–1940) қаламрави мулкҳои мустамликавӣ дар Мадагаскар, Африқо ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ васеъ гардида, мустамликаҳои Тунис (1881), Нигер (1883) ва Судон (1890) ташкил ёфтанд. Дар асоси конвенсияи франко-британӣ (14.6.1898) марзи мустамликаҳои Фаронса ва Британия дар соҳилҳои шарқии дарёи Нигера муайян гардид. Солҳои 1896–90 бахше аз мулкҳои Сомали, Лаос ва Ветнам ба ҳайати Империяи мустамликавии Фаронса ҳамроҳ шуданд. Соли 1934 Марокаш расман мустамликаи Фаронса эълон гардид. Баъди хотима ёфтани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ баъзе мулкҳои мустамликавии Олмон ва Империяи Усмонӣ ба ҳайати Империяи мустамликавии Фаронса ҳамроҳ шуданд. Дар давраи Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ мустамликаҳои Фаронса муваққатан ба ихтиёри «Виши» (низоми фашистӣ дар Фаронса) гузаштанд. Ҳамзамон дар баъзе мулкҳои мустамликавӣ Ҳаракати муқовимат фаъол гардид. Соли 1946 Сурия, Лубнон, Ветнам, Лаос ва Камбоҷа мустақил шуданд. Баъдан ба Мартиника, Гваделупа, Гвиана ва Реюнион мақоми департамент ва ба аҳолии мустамликаҳо шаҳрвандии Фаронса дода шуд. 27 октябри 1946 Иттифоқи Фаронса (1946) ташкил ёфт, ки он аз чанд департамент (Гваделупа, Мартиника, Гвианаи Фаронса, Реюнион) ва музофотҳои хориҷи кишвар (Африқои Ғарбӣ, Мадагаскар, Каледонияи Нав ва ғайра) иборат буд. Тунис ва Марокаш ба ҳайати Иттифоқи Фаронса дохил нашуда, солҳои 50 асри XX соҳибихтиёр гардиданд. Солҳои 1946–56 Ветнам, Лаос ва Камбоҷа мустақил шуданд ва музофотҳои вобастаи фаронсавиҳо дар Ҳинд ба ихтиёри ҳукумати Ҳиндустон гузаштанд.
Фурӯпошии империя
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди шикаст хӯрдани фаронсавиҳо дар ҷанги зидди мардуми Алҷазоир ва мустақил шудани ин кишвар (3.7.1962) империяи дуввуми мустамликавии Фаронса таназзул ёфт. Баъдан мустамликаҳои африқоӣ (1960), минтақаҳои Афарҳо ва Исса (ҳоло Ҷумҳурии Ҷибути, 1977) ва Ҷумҳурии Вануату (1980) мустақил шуданд. Аз мулкҳои мустамликавии собиқи Империяи мустамликавии Фаронса департаментҳои Гваделупа, Гвиана, Мартиника, Майотта, Реюнион; иттиҳодҳои музофотҳои хориҷи Фаронса – Сен-Бартелми, Сен-Мартен, Сен-Пер, Микелон, Полинезия, Уоллис ва Фатуна, Каледонияи Нав, сарзаминҳои ҷанубӣ ва антарктикии Фаронса мақоми махсуси маъмурӣ-ҳудудӣ доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Империяи мустамликавии Фаронса // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.