Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Имперотурии Салҷуқиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Имперотурии Салҷуқиён
форсӣ: دولت سلجوقیان
Dawlat-i Salcūqiān
империя, салтанат

 

 

 

1037 19 марти 1194


Дирафш
Пойтахт

Нишопур (1037-1043)
Рай (1043-1051)
Исфаҳон (1051-1118)
Ҳамадон (ғарб) (1118-1194)

Марв (шарқ) (1118-1153)
Забон(ҳо)
Дин ислом
Воҳиди пул динор
Майдон 12.000.000 км²
Шакли ҳукмронӣ подшоҳӣ
Сулола Салҷуқиён
Султон
Пеш аз он:
Ба дунболи он:
Давлати Ғазнавиён
Буиды
Салариды
Империяи Византия
Давлати Ғуриён
Давлати Хоразмшоҳиён
Конийский султанат
Айюбиды
Государство Ильдегизидов
Буриды
Зангиды
Данишмендиды
Артукиды

Имперотурии Салҷуқиён ё Салтанати Салҷуқиён — давлати турку форсизабони асримиёнагӣ. Аз сулолаи туркзабони қабилаҳои оғузи туркманҳо баромада, соли 1040 баъд аз торумори Ғазнавиён дар Хуросон ҳукмрон шудаанд.

Муҳорибаи Дандонақон, ки дар соли 1040 сурат гирифта, тақдири давлати Ғазнавиёнро ҳал карда буд, боиси тамоман ба Хуросон соҳиб шудани Салҷуқиён гардид[6].

Туғралбеки Салҷуқӣ (1040–1063) пас аз ин ғалаба фавран худашро «султон» эълон кард ва бародари худро дар Хуросон гузошта, ба тарафи Гургон лашкар кашид. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ нафақат Гургон, Табаристон, Хоразм ва Озарбойҷонро ба таҳти тасарруфи худ гирифт, балки як қисми вилоятҳои ғарбии Эрони кунуниро низ ишғол намуда, дар соли 1055 пойтахти хилофати Аббосӣ шаҳри Бағдодро ба дасти худ даровард ва салтанати давлати салҷуқиро расман эълон кард. Султон Туғрал Кирмон ва Форсро низ забт намуда, дар Кавказ ба қӯшуни давлати Румия шикасти сахт ворид овард.

Пас аз вафоти Султон Туғралбеки Салҷуқӣ бародарзодаи ӯ Алпарслон (1063– 1072) ба тахт нишаста, хоки Салтанати салҷуқиро хеле вусъат дод. Алпарслон баъзе мавзеъҳои Мовароуннаҳрро ба салтанат тобеъ кард. Вай инчунин императори Рум — Романи IV Диогенро мағлуб намуд.

Дар вақти ҳукмронии Султон Ҷалолиддини Маликшоҳ (1072–1092) ҳудуди давлати салҷуқӣ ба дараҷае тавсеа ёфт, ки аз соҳилҳои баҳри Миёназамин сар карда, то сарҳади давлати Имперотурии Чин қариб тамоми кишварҳои исломии Осиё дар таҳти тасарруфи салтанат қарор гирифтанд. Аммо пас аз фавти Ҷалолиддини Маликшоҳ салтанати паҳновари салҷуқӣ пош хӯрда, ба якчанд мулку давлатҳо тақсим шуда рафт.

Дар асри ХII пойтахти салтанти салҷуқии аҳди Санҷар (1118– 1157) шаҳри Марв буд. Ин шаҳр хеле тараққӣ карда, масоҳати бузургеро ишғол менамуд, каналҳои зиёди обёрӣ ва маҳаллаҳои калони пешаварӣ дошт. Марв ҳамчунин яке аз марказҳои фарҳангии Осиё ба шумор мерафт. Ёқут чунин менависад:

«Вақте ки ман онро (яъне Марвро.– Б. Ғ.) тарк кардам, дар он ҷо даҳ китобхонаи вақф мавҷуд буд, ки дар бобати фаровонӣ ва бартарии китобҳои маҳфузгардида назири чунин як ганҷинаи китобро дар олам надидаам»

[7].

Дараҷаи фарҳанги Салҷуқиёни бодиянишин нисбат ба савияи фарҳангии мардумони эронитабори гардидаи Мовароуннаҳр ва Хуросон хеле паст буд. Кормандони дараҷаи дувум ва севуми давлати салҷуқиро як сӯ гузорем, худи «Салҷуқиёни бузург» низ аз дониш дур буданд. Масалан, Туғрал ва Алпарслон, ҳатто савод ҳам надоштаанд.

Ин вазъият сабаб шуд, ки дар умури идораи ҳукумати Салҷуқиён мардони сиёсии ӣофрҳангтарин халқҳои ин сарзамин — тоҷикҳо, форсҳо ва туркони муқимии Осиёи Марказӣ нақши муҳиме бозанд. Ҳамеша дар чунин мавридҳо фотеҳон дар таҳти таъсири халқҳои мутеъ, вале хеле соҳиби донишҳои бофарҳанг буданд.

Дар таърихи Салтанати Салҷуқиён нақши вазир Низомулмулк (1063—1092) (Низомулмулки Тусӣ) баҳри шукуфоиву тараққии давлатдории Салҷуқиён ниҳоят бузург аст. Ӯ ба таҷрибаи хонадони Сомониён ва Ғазнавиён такя карда, императории боазамати Салҷуқиёнро ба низоми муайян даровард. Худсариву саркашии сипоҳиёни туркман ва ашрофу рӯҳониёни тоҷикро низ то андозае пешгирӣ кард. Маҳз дар даврони вазорати ин вазири донишманд давлатдории Имперотурии Салҷуқиён ба дараҷаи баландтарини худ расид. Мероси фарҳангии ин донишманди тоҷик дар асарибезаволи хеш гузоштааст — «Сиёсатнома» (ё «Сияру-л-мулук» ва ё «Панҷоҳ фасли Хоҷа Низомулмулк») аст, ки то ба имрӯз расидааст.

Низомулмулк бо ташкили мактабҳои диние, ки бо номи ӯ ба Низомия (мадраса)«Низомия» маъруф буданд, табақаи рӯҳониёни расмии ба давлат тобеъ бо эътиқоди аҳли суннатро тарбият намуда, бар муқобили ҳамагуна зуҳуроти иҷтимоӣ мубориза мебурд. Низомулмулк бо мазҳаби исмоилия — мухолифини сарсахти cалҷуқиён мубориза бурд ва аз ҷониби фидоиёни исмоилӣ ба қатл расонида шуд.[8]

  1. "Persian Prose Literature." World Eras. 2002. HighBeam Research. (3 September 2012);
    "Princes, although they were often tutored in Arabic and religious subjects, frequently did not feel as comfortable with the Arabic language and preferred literature in Persian, which was either their mother tongue—as in the case of dynasties such as the Saffarids (861–1003), Samanids (873–1005), and Buyids (945–1055)—or was a preferred lingua franca for them—as with the later Turkish dynasties such as the Ghaznawids (977–1187) and Saljuks (1037–1194) ". Бойгонӣ шудааст 2 май 2013  сол.
  2. 1 2 3 C.E. Bosworth, "Turkish Expansion towards the west" in UNESCO History of Humanity, Volume IV, titled "From the Seventh to the Sixteenth Century", UNESCO Publishing / Routledge, p. 391:
    "While the Arabic language retained its primacy in such spheres as law, theology and science, the culture of the Seljuk court and secular literature within the sultanate became largely Persianized; this is seen in the early adoption of Persian epic names by the Seljuk rulers (Qubād, Kay Khusraw and so on) and in the use of Persian as a literary language (Turkish must have been essentially a vehicle for everyday speech at this time).
    "
  3. 1 2 Savory, R. M., ed. (1976). Introduction to Islamic Civilisation. Cambridge University Press. p. 82. ISBN 0-521-20777-0.
  4. Stokes, 2008, p. 615.
  5. Concise Encyclopedia of Languages of the World, Ed. Keith Brown, Sarah Ogilvie, (Elsevier Ltd., 2009), 1110; "Oghuz Turkic is first represented by Old Anatolian Turkish which was a subordinate written medium until the end of the Seljuk rule."
  6. Бартольд В.В., 1963 в, с. 569–583; Заходер Б.Н., 1945. Таърихи минбаъдаи Салҷуrиён дар ин асар муфассалан тавзеҳ ёфтааст; Воsworth С.Е., 1968 а.
  7. Ёқут, IV, с. 509
  8. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011, — с.126.