Импетиго
Импетиго | |
|---|---|
| | |
| DiseasesDB | 6753 |
| MedlinePlus | 000860 |
| eMedicine | / |
| MeSH | D007169 |
Импетиго (лот. Impetigo, аз impeto – ҳамла, зарар расондан), рихинак, бемории сироятии пӯст, ки ангезандааш стрептококкҳо ва стафилококкҳо мебошанд. Ба пайдоиши Импетиго осебҳои хурд ва риоя накардани тозагии пӯст, заиф будани масуният, ихтилоли мубодилаи моддаҳо (масалан диабети қанд) ва ғайра мусоидат менамоянд.
Навъҳои иметиго
[вироиш | вироиши манбаъ]Импетиго ду навъ – стрептококкӣ ва стрептостафилококкӣ мешавад. Импетигои стрептоккокӣ бештар дар кӯдакон ба назар мерасад. Дар пӯсти рӯй ва дасту по рихинакҳои қутрашон то 10 мм (обияти тирагун доранд) пайдо мешаванд. Онҳо зуд кафида, баъди шифо ёфтанашон изҳои даргузар боқӣ мегузоранд. Импетигои стрептостафилококкӣ рихинакҳои иборат аз обияти сабзи зардча ва карахши зардобӣ мебошанд. Импетиго бо табу тасфи андак, дар кӯдакон бо нишонаҳои нефрити музмин падид меояд.
Муолиҷа
[вироиш | вироиши манбаъ]маҳлули сабзи бриллиантӣ (зеленка), фукорсин ва генсианвиолет, марҳамҳои зиддибактериявӣ, хамираҳо, афканишоти фаробунафш, антибиотикҳо; ба гирди рихинакҳо молидани маҳлули 2%-и спирти салитсилат. Пешгирӣ: риояи беҳдошти пӯст, ҷудо нигоҳ доштани бемор.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Импетиго // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.