Имплементатсия
Намуди зоҳирӣ
Имплементатсия - ҷараёни ворид намудан ва дар ҳаёт татбиқ кардани меъёрҳои байналхалқӣ-ҳуқуқӣ дар қонунҳои миллӣ ва санадҳои зерқонунист. Ба маънои васеъ имплементатсия иҷрои уҳдадориҳои байналхалқӣ дар сатҳи дохилидавлатӣ мебошад. Дар баъзе давлатҳо шартномаҳои ба тасвибрасонидашудаи имплементатсияи байналхалқӣ дарҳол ҷузъи қонунгузории миллӣ мегарданд. Мисол, мувофиқи банди 3 моддаи 10 (Консгитутсия) ҶТ санадҳои байналхалқии ҳуқуқӣ, ки аз тарафи ҶТ пазируфта мешаванд, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ҳолати мувофиқ наомадани қонунҳои ҶТ ба санадҳои пазиру фташудаи байналхалқии ҳуқуқӣ қоидаҳои шартномаҳои байналхалқӣ татбиқ мешаванд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 177
| Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |