Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Импулс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Импулс (лот. impulsus – зарба, такон)

1) импулси механикӣ, меъёри ҳаракати механикӣ; бузургии векториест, ки барои нуқтаи моддӣ (материалӣ) баробари ҳосили зарби масса m ва суръати ҳаракат v буда, бо вектори суръат ҳамсамт мебошад: p = mv.

Дар мавриди умумӣ зери таъсири қувва F бузургӣ ва самти импулси нуқта тағйир меёбад. Дар ҳолати набудани қувваҳои беруна самт ва бузургии импулси система тағйир намеёбад (нигар Қонунҳои бақо). Барои зарраи суръаташ наздики суръати рӯшноӣ с вобастагии массаро ба суръати ҳаракат ба назар гирифтан зарур аст:(m0 – массаи зарраи ором ё худ массаи оромиш). Дар ин ҳол импулси зарраи озод ва вобастагии энергияи пурраи зарра ε ба импулси он ε2 = p2с2+ mo2с4 мешавад. Барои зарраҳое, ки массаи оромиш надоранд (фотон, нейтрон), р = e/c аст; ин гуна зарраҳо ҳамеша бо суръати рӯшноӣ ҳаракат мекунанд. Ҳамаи намудҳои материя, аз ҷумла майдонҳои электромагнитӣ ва ҷозибавӣ импулс доранд.

Ҳолати хусусии импулси механикӣ импулси қувва мебошад, ки ба ҳосили зарби қимати миёнаи қувва ва муддати таъсири он t1 баробар аст: S = Fм ∙ t1. 2) Импулси мавҷӣ, дар муҳит ё фазо паҳн шудани як лаппиши пурра. Масалан, импулси садо (садои тири таппонча ва ғайра) дар натиҷаи даврӣ тағйир ёфтан ва паҳн шудани фишори атмосфера ба амал меояд. Чунин импулсҳо аз басомади тайфаш хомӯшшаванда иборат буда, дар меъморӣ васеъ истифода мешаванд [масалан, дар таҳқиқи акси садо барои муайян кардани вақти ревербератсия (ҳодисаи хомӯшшавии батадриҷи садо дар биноҳои баста)-и иншооту биноҳо ва ғайра].

Мисоли дигари импулси мавҷӣ импулси электромагнитӣ мебошад, ки аз ҷои зуд тағйир ёфтани майдони электрӣ ё магнитӣ (масалан, аз зарбаи барқ, шарора ё дигар равандҳои электрӣ) паҳн мешавад. Тайфи ин гуна импулс ҳам яклухт аст.

Импулси рӯшноӣ афканиши кӯтоҳмуддати рӯшноӣ (0,01 с ва камтар аз он) аз манбаи шуоъафкании оптикӣ мебошад. Масалан, тахлия (разряд)-и электрӣ дар газҳо, шарораи расиши кӯтоҳ ва ғайра манбаъҳои импулси рӯшноӣ мебошанд.

Импулсҳо дар физика ва техника фаровон истифода мешаванд. Импулсҳои савтӣ ва ултрасавтӣ барои таҳқиқоти ҳидроакустикӣ (мас., барои чен кардани умқи баҳр), ҳидролокатсия ва дефектоскопияи фаросавтӣ, импулсҳои рӯшноӣ дар таҳқиқи равандҳои зудгузар (фото- ва киногирии баландсуръат, гирифтани акси пайи зарраҳои бунёдӣ), ангезиши оптикии лазерҳо; Импулсҳои электрӣ дар санҷиши таҷҳизоти электрӣ, техникаи шиддатҳои баланд, телевизион, техникаи ҳисоб, радиолокатсия, физикаи таҷрибӣ, автоматика, радиотехника, техникаи алоқа ва ғ.