Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Импулси қувва

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Импулси қувва — меъёри таъсири қувва дар ягон фосилаи вақт.

Импулси қувва ба ҳосили зарби қимати миёнаи қувва Fм ва вақти таъсири он t1 баробар аст: S = Fм∙ t1. Импулси қувва бузургии векторӣ ва бо Fм ҳамсамт мебошад. Қимати саҳеҳи импулси қувва дар фосилаи t1 бо интеграли S = муайян карда мешавад. Ҳангоми таҳти таъсири қувваи F ҳаракат кардани нуқтаи моддӣ (материалӣ) миқдори ҳаракати он дар фосилаи t1 ба андозаи импулси қувва S = mvо – mv1 меафзояд (mvо ва mv1 –мувофиқан миқдори ҳаракати нуқта дар аввал ва охири фосилаи t1). Мафҳуми импулси қувва дар механика, аз ҷумла дар назарияи зарба васеъ истифода мешавад.