Имтиҳон
Имтиҳон ( ар. امتحان – озмоиш, озмун, санҷиш, таҷриба кардан), усули анъанавии санҷиши мизони дониш, маҳорат ва малакаи фард (донишҷӯён ё таълимгирандагон); воситаи муайян кардани дараҷа ва сифати омодагии шогирдон ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, ки маъмулан, дар шакли хаттӣ, шифоҳӣ ва амалӣ баргузор мешавад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Таърихан имтиҳон бо пайдоиши аввалин таълимгоҳҳо дар мамлакатҳои Шарқи Қадим (Миср, Бобил, Эрон, Чин, Ҳинд), Юнони Бостон, Руми Бостон ҷорӣ гардидааст. Дар Эрон, Бобилу Мисри Бостон, Ҳиндустону Чини Бостон барои довталабони касб талабот ва озмоиши махсус муқаррар гардида буд. Озмоишҳо дар зинаҳои ибтидоии таҳсил аз санҷиши савод (хондану навиштан) оғоз мегардиданд. Имтиҳон бори аввал дар Чини Бостон дар даврони ҳукумати сулолаи Хан (206 то мелод – 220 мелод) пайдо ва барои интихоби кормандони мақомоти давлатӣ истифода шудааст. Пеш аз қабул шудан ба хидмати давлатӣ довталаб бояд оид ба китобҳои классикии мактаби Конфутсий имтиҳони давлатӣ месупурд ва дараҷаи илмиро соҳиб мешуд. Дар Эрони Бостон ҳангоми қабули довталаб ба кори коҳинӣ ба дониш, истеъдод, намуди зоҳирӣ, маҳорати суханварӣ ва малакаи меҳнатии ӯ эътибор дода мешуд. Довталаб инчунин аз имтиҳони барои ҷон хатарнок мегузашт. Тибқи маълумоти маъхазҳо бори аввал Зардушт [асри VII то мелод, давраи шоҳ Гуштосп (Виштосп)] ва пас аз ӯ Фисоғурис (Пифагор, асри VI то мелод дар Мисри Бостон) аз ҳамаи Имтиҳон (озмоиш)-ҳои касбӣ гузаштаанд. Дар Бобил ва Мисри Бостон барои Имтиҳони донишҷӯи ҳар як дараҷаи касби дабир саволҳои махсус [аз фанҳои забон, адабиёт, ҳисоб (чор амал), мусиқӣ, суруд, доир ба матоъ, филиззот, рустаниҳо, заргарӣ, корҳои маъмурӣ, хоҷагии дарбор ва маъбадхонаҳо, заминченкунӣ, ҳуқуқ, коҳинӣ, кишоварзӣ, донишҳои ҳатмии марбут ба дараҷаи ихтисоси дабирӣ] таҳия мегардиданд. Ҳар донишҷӯи хатмкунанда барои гирифтани тахассус (дар Бобил ва Мисри Бостон беш аз 29 номгӯи вазифаи дабирӣ вуҷуд дошт) бояд ба ин саволҳо ҷавобҳои мусбат медод. Дар Юнони Бостон раванди таълиму тарбия бо роҳи ташкил кардани имтиҳонҳои солона назорат карда мешуд. Имтиҳони хатмкунӣ дар таълимгоҳ бо ширкати васеи аҳли ҷомеа сурат мегирифт. Дар таълимгоҳҳои мусулмонии Шарқ (дабистон, дабиристон, мактаб, масҷид, мадраса) барои гузаронидани муҳассилин аз як гурӯҳи таълимӣ ба гурӯҳи дигар тартиби қатъӣ вуҷуд надошта, ба омодагӣ ва тавоноии зеҳнию амалии ҳар кадоми онҳо вобаста буд. Муҳассилин баъди хатми ҳар як давраи таълимӣ имтиҳон месупурданд. имтиҳони онҳо ба тарзи кушода, бо иштироки падар, уламои номӣ ва хоҳишмандон (аз ҷумлаи аҳолии маҳал) баргузор мешуд. Дар донишгоҳҳои асри миёнаи Аврупо имтиҳон барои гирифтани зинаи бакалавр ва магистр баргузор мешуд. Масалан, дар Донишгоҳи Лейпзиг аз 100 нафар шунаванда пас аз 2 соли таҳсил 30 кас ва дар имтиҳони хатм ба ҳисоби миёна 6 кас роҳ дода мешуданд. Дар асри XIX дар кулли таълимгоҳҳои кишварҳои Аврупо чунин тарзи имтиҳон истифода шуд. Аввалин муассисаҳои таълимии Руссия, ки дар онҳо имтиҳон ҷорӣ шуда буд, мактаби Э. Глюко (1705, Маскав), гимназияи назди АИ Петербург (1726) буданд. Дар асрҳои XVIII–XIX дар омӯзишгоҳу гимназияҳо имтиҳонҳои нимсола ва суолномаву низоми 5-холии арзёбии дониш ҷорӣ гардид. Дар миёнаҳои асри XIX баъзе омӯзгорону муҳаққиқон (Л. Толстой, Н. Пирогов) чунин низоми имтиҳони мактабиро танқид карданд. Дар солҳои аввали Ҳукумати Шӯравӣ дар муассисаҳои таълимӣ (зинаҳои гуногуни таҳсил) имтиҳон доир намешуд. Баъдан (солҳои XXX асри XX) дар натиҷаи гузаштан ба низоми омӯзиш аз рӯи нақша ва барномаҳои муайяни таълимӣ, баргузор кардани имтиҳон ҳатмӣ гардид. Имтиҳон вобаста ба мақсад донишгоҳӣ, мактабӣ, ҳарбӣ, онлайнӣ ва ғайра, аз рӯи таъйинот дохилшавӣ, даврӣ ё ҷорӣ (дар нимсола), аз курс ба курсгузаронӣ (дар мактаб аз синф ба синфгузаронӣ, дар охири соли таҳсил), давлатӣ (супоридани имтиҳонҳои давлатӣ аз рӯи барномаи пурраи таълимӣ) мешавад. Дар муассисаҳои таълимӣ (миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ) имтиҳон дар шакли хаттӣ, шифоҳӣ ё тестӣ сурат мегирад. Имтиҳонҳои дохилшавӣ ва хатмкунӣ, бино бар қоида, аз тарафи комиссияи махсус гузаронида мешаванд. Дар мактабҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ба ҷои имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва хатмкунӣ аттестатсияи давлатӣ ҷорӣ шудааст (аз соли 2009). Хатмкунандагони мактабҳои олӣ дар баробари имтиҳони шифоҳии давлатӣ, метавонанд аз рӯи ихтисоси омӯхтаашон рисолаи дипломӣ ҳимоя кунанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ пас аз анҷоми ҳар даври академӣ (семестр) донишҷӯ имтиҳон месупорад. Давомнокии сессияи имтиҳонот 3 ҳафтаро ташкил медиҳад. Мавод барои қабули имтиҳон (саволнома, тест ва ғайра) пеш аз оғози давраи имтиҳонот (на дертар аз 10 рӯз) таҳия мешавад. Меъёри санҷиши сатҳи дониш, маъмулан, баҳо (аъло, хуб, қаноатбахш ва ғайриқаноатбахш) ё хол (масалан, 100 хол) аст. Дар низоми анъанавии таҳсилот баҳодиҳӣ ба натиҷаи имтиҳон аз рӯи меъёри чорбаллӣ сурат мегирад. Назорати раванди донишандӯзӣ дар низоми кредитии таҳсилот, ки ҳоло дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, роиҷ аст, дар доираи низоми холдиҳӣ-рейтингӣ амалӣ мегардад. Барои аз курс ба курс гузаронидани донишҷӯён ва хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳадди ақалли холи миёна [дар мактабҳои таҳсилоти миёна барои аз синф ба синф гузаштан бояд миқдори муайяни хол (кредит)-ро соҳиб гарданд] муайян карда мешавад. Тартиб ва шакли имтиҳонро мақоми давлатии идораи маориф муқаррар мекунад. Дар Тоҷикистон аз соли 2014 қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ тавассути низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ довталаб бояд имтиҳонҳои ҳатмии умумӣ, ихтисосӣ (вобаста ба талаботи ихтисоси интихобкарда), эҷодӣ ва маҳорати махсус супорад. Имтиҳони эҷодӣ ва маҳорати махсусро (ихтисосҳое, ки қобилияти эҷодӣ ва маҳорати махсусро талаб мекунанд, масалан, равияҳои санъат ва фарҳанг, варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, динӣ ва ғайра) комиссияи Имтиҳон (фанни)-и муассисаи таълимӣ баргузор мекунад. Арзёбии натиҷаи имтиҳон тавассути низоми иттилоотии автоматишуда идора ва амалӣ карда мешавад. Ҷараёни имтиҳон (сифати омӯзиши барномаи таълимӣ, малакаи талабагон, омодагии омӯзгор, усули баргузории имтиҳон ва ғайра) дар Шӯрои омӯзгории мактаби миёна (дар муассисаҳои олӣ дар Шӯрои илмӣ) баррасӣ мешавад. Муассисаҳои таълимӣ ба хатмкунандагоне, ки аз имтиҳони ҷамъбастӣ мегузаранд, дар бораи таҳсилот ҳуҷҷати намунаи давлатӣ медиҳанд.
Дар истилоҳи қуръонӣ ва тасаввуфӣ Имтиҳон тамрин додан ва омода кардани бандагон; озмоиш, эҷоди шинохт ва маърифат дар қалби инсон; сабр ва муқовимат дар баробари мушкилот бо мақсади расидан ба камол аст.