Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Имҳотеп

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Имҳотеп — меъмор, муҳандис ва табиби машҳури Мисри Қадим (асри XXVIII то мелод), амалдори олимақоми фиръавн Ҷосер (аввалин фиръавн аз сулолаи севуми фиръавнҳои Мисри Бостон), саркоҳини ниёишгоҳи худои Хуршед (Ра) дар Ҳелиополис (Баълабак).

Таърих ва фаъолият

[вироиш | вироиши манбаъ]

Имҳотеп дар таърихи ҷаҳон аввалин меъмор ва олим маҳсуб мешавад. Муҳимтарин осори меъмории Имҳотеп ҳарами Ҷосер (масоҳаташ 1500 метри мукааб, баландиаш 61 метр) мебошад, ки дар Саккара (ҷануби Қоҳира), наздикии Мемфис воқеъ аст. Атрофи ҳарами Ҷосерро маъбаду биноҳои хурд (барои баргузории маросим) иҳота кардаанд. Ин ҳирам бо бузургию ҳашамат аз дигар аҳром (Хуфу, Хафра ва ғайра) фарқ мекунад.

Бунёди нахустин маъбадро дар Эду низ ба Имҳотеп нисбат медиҳанд. Сабки меъмории Имҳотеп баъдан дар сохтмони аҳроми мисрӣ васеъ истифода гардидааст.

Фаъолияти тиббӣ ва адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Имҳотеп аз табибони машҳури замонаш низ буд ва яке аз матнҳои рисолаи тиббии «Папируси Эдвин Смит» (1700–1550 то мелод) ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Ин папирус тарзи муайян кардани иллати беморӣ, дармон, ташхис ва ҷарроҳиҳои мисриёни бостонро ошкор мекунад.

Имҳотеп муаллифи аввалин «Панднома» (маҳфуз намондааст) дар Мисри Бостон ва ҳомии котибону нависандагон буд. Ба унвони соҳир ва ситорашинос низ шуҳрат дошт.

Устурашиносӣ ва эҳтиром

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар устураҳои мисрӣ Имҳотеп писари худо Птах (неруи халлоқ) ва яке аз худоҳои сегонаи Мемфис ёд шудааст. Баъд аз маргаш ӯро худои тиб мепиндоштанд. Ба хотири Имҳотеп дар Миср маъбаду зиёратгоҳҳо бунёд шудаанд.