Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Инбридинг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Инбридинг — (( англ. inbreeding от in «дохили» + breeding «парваридан»), ҷуфтшавии андомгоне, ки бо ҳам қаробат доранд.

Худбордоршавӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Худбордоршавӣ яке аз шаклҳои асосии инбридинг мебошад. Зироат (гандум, ҷав, шолӣ, нахӯд, лӯбиё, чормағзи заминӣ, соя, помидор, қаламфур, рустаниҳои ситрусӣ, шафтолу ва пахта) қобилияти худбордоршавӣ доранд. Дар инбридинги рустаниҳои аз дигар рустаниҳо гардолудшаванда ва ҳайвонот генҳои зарарноки ретсессивӣ дар ҳолати ҳомозиготӣ андомгонро қисман (генҳои сублеталӣ ё субвиталӣ) ё пурра (генҳои леталӣ) ба ҳалокат мерасонанд (масалан, ҷуворимакка, картошка ва ғайра). Дар чорводорӣ ва парандапарварӣ дар натиҷаи муддати мадид ҷуфтикунонии чорво ва парандаҳои ҳамқаробат сифату маҳсули насл паст мешавад.