Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Инвагинатсияи рӯда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Инвагинатсияи рӯда
МКБ-10 K38.838.8, K56.156.1
МКБ-9 543.9543.9, 560.0560.0
OMIM 147710
DiseasesDB 6913
MedlinePlus 000958
eMedicine emerg/385 
MeSH D007443

Инвагинатсияи рӯда, дарҳамдароии рӯда, гиреҳзадагии рӯда — пурра ё қисман халал ёфтани гузарониши рӯда.

Сабабҳо ва механизми рушд

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сабаби инвагинатсия ба ҳамдигар ворид шудани бандҳои рӯда дар натиҷаи ташаннуҷи бардавом, омос ва амсоли инҳо мебошад. Инвагинатсия хусусан дар кӯдакони то дусола ва аз 4 то 9-сола бештар мушоҳида мешавад. Он бо дарди шадиди қабзкунандаи шикам, дилбеҳузурӣ ва қай падид меояд. Баъд аз 6 соати оғози беморӣ наҷосати омехта бо луобу хун мушоҳида мешавад. Хуруҷи дард ҳамроҳ бо оромии кӯтоҳмуддат аст. Дар вақти палмосидан дар ҷониби рости ноф дарди сабук ва чизи ҳасибмонанди ҳаракаткунанда ба мушоҳида мерасад. Инвагинатсияро бо усули ҷарроҳӣ муолиҷа мекунанд.