Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Инверсияи релеф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Инверсияи релеф (аз лот. nversia – ҷойивазкунӣ, ҷойгузинӣ, самтивазкунӣ) — раванди ташаккули релефи фарсудашуда, ки шаклҳои нисбат ба сохтори геологӣ баръакс (воруна) дорад: сохторҳои мусбати геологӣ релефи манфӣ ва баръакс сохторҳои манфии геологӣ релефи мусбатро ба вуҷуд меоваранд.

Инверсияи релеф дар натиҷаи денудатсия (маҷмӯи равандҳои харобкунандаи ҷинсҳои кӯҳӣ дар рӯи замин) ба амал омада, боиси тахриби ҷинсҳои кӯҳӣ мегардад, инчунин сатҳи хушкиро паст карда, релефи кӯҳиро ба сатҳи ҳамвор табдил медиҳад. Масалан, аз ҷинсҳои кӯҳии сахт (синклиналӣ) қ-кӯҳҳо ва баландиҳо ташаккул ёфта, дар байни ҷинсҳои кӯҳии ковок (ёзанда, мулоим)-и зуд шусташаванда (антиклиналӣ) водиҳои муваққатии маҷрои об (ҷариҳо) пайдо шуда, инверсияи релефро ба вуҷуд меоваранд.