Инверсия (Забони)
Инверсия — (аз лот. inversioinversio – иваз кардани ҷой, ҷогардон кардан), бар хилофи меъёри қабулгардида дар забон тағйир додани тартиби аъзои ҷумла бо мақсади пурқувват кардани фасоҳату пурмаъноии нутқ, пуробуранг кардани объекти тасвир, талаби қофия дар шеър ва ғайра.
Инверсияи забони тоҷикӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар забони тоҷикӣ тартиби калимаҳо дар ҷумла ба шакли: мубтадо − аъзои пайрави ҷумла − хабар мебошад. Масалан: Донишҷӯён пас аз хатми дарсҳо ба хонаҳо ва ба хобгоҳи донишгоҳ рафтанд. Агар хабари ҷумла дар аввали калима ояд: «Рафтанд....» ҳодисаи инверсия дар ин ҷумла рух медиҳад. Дар ҷумлаҳои «Хулласи калом, назорат мекарданд ба ҳама кор», «Гургони дупо рабуданд онҳоро», «Мерафт дили шикастаи ман, Он аҳдшикан гирифт ӯро» ва монанди инҳо инверсия ба назар мерасад. Дар забони русӣ мувофиқи тартиби муқарраргардидаи калимаҳо дар ҷумла аввал мубтадо, баъд хабар ва пас аз хабар аъзои пайрави ҷумла қарор мегиранд: «Рабочий пошел на работу» (Коргар ба кор рафт). Дар ҷумлаи «Интересную книгу я вчера видел» ҳодисаи инверсия ба назар мерасад. Ҳодисаи инверсияро дар забонҳои аврупоии романию германӣ низ метавон мушоҳида кард. Масалан, аз ҷумлаи забони англисӣ: «Не is ready». («Ӯ омода аст».) Ҷумлаи саволӣ − «Is he ready?» («Оё ӯ омода аст?») созем, инверсия ба амал меояд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Инверсия // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.